Ҷавоне покбозу покрав буд,
Ки бо покизарўе дар гарав буд.
Чунин хондам, ки дар дарёи аъзам,
Ба гирдобе дарафтоданд бо ҳам.
Чу маллоҳ омадаш, то даст гирад,
Мабодо, к-андар он ҳолат бимирад.
Ҳаме гуфт аз миёни мавҷу ташвир:
«Маро бигзору дасти ёри ман гир!»
Дар ин гуфтан ҷаҳон бар вай дарошуфт
Шунидандаш, ки ҷон медоду мегуфт:
«ҳадиси ишқ аз он баттол маньюш,
Ки дар сахти кунад ёри фаромўш!»
Чунин карданд ёрон зиндагонӣ,
Зи корафтода бишнав, то бидонӣ,
Ки Саъдӣ роҳу расми ишқбозӣ
Чунон донад, ки дар Бағдод тозӣ.
Дилороме, ки дорӣ, дил дар ў банд,
Дигар чашм аз ҳама олам фурўбанд.
Агар Маҷнуну Лайлӣ зинда гаштӣ,
Ҳадиси ишқ аз ин дафтар набиштӣ.
Tags Гулистони Саъдии Шерозӣ Саъдии Шерозӣ Ҳикоя
Инчунин кобед
Вазъи иқтисодӣ ва сиёсии Муғулистон
Дар нимаи дуюми асри XIX ҳукумати Чин дар Муғулистон баъзе дигаргуниҳои иқтисодию сиёсиро ба амал …