Главная / Гуногун / Ҷавонӣ ва ошиқӣ

Ҷавонӣ ва ошиқӣ

Дар унфувони ҷавонӣ, чунон ки афтаду донӣ, бо шоҳиде сареву сарӣ доштам ба ҳукми он, ки хулқе дошт.

Он ки наботи оразаш оби ҳаёт мехўрад,
Дар шакараш нигаҳ кунад, ҳар ки набот мехўрад.

unnamedИттифоқан ба хилофи табъ аз вай ҳаракате бидидам, ки написандидам, доман аз ў даркашидаму меҳр барчидам ва гуфтам:

«Бирав, харҷ и мебоядат, пеш гир,
Сари мо надорӣ, сари хеш гир!»

Шунидам, ки ҳамерафту мегуфт:

«Шабпара гар васли офтоб нахоҳад,
Равнақи бозори офтоб накоҳад!».

Ин бигуфту сафар кард ва парешонии ў дар ман асар.

Боз ою маро бикуш, ки пешат мурдан
Хуштар, ки пас аз ту зиндагонӣ кардан.

Аммо ба шукру миннати борӣ пас аз муддате бозомад, он хулқи довудӣ мутағайир шуда ва он ҷамоли юсуфи ба зиён омада ва ба себи занаҳдонаш чун биҳ гарде нашаста ва равнақи бозори ҳуснаш шикаста, мутаваққеъ, ки дар канораш гирам. Канора гирифтаму гуфтам:

Он руз, ки хатти шоҳидат буд,
Соҳибназар аз назар бирондӣ.
Имрўз биёмади ба сулҳаш,
К-аш фатҳаву зама барнишондӣ.

***
Тозабаҳоро, варақат зард шуд,
Дег манеҳ, к-оташи мо сард шуд.
Чанд хиромию такаббур кунӣ,
Давлати порина тасаввур кунӣ.

Пеши касе рав, ки талабгори туст,
Ноз бар он кун, ки харидори туст.

***
Сабза дар боғ, гуфтаанд, хуш аст,
Донад он кас, ки ин сухан гўяд.
Яъне аз рўи некувон хати сабз
Дили ушшоқ бештар ҷўяд.
Бўстони ту ганднозорест,
Баски бармеканию мерўяд.
***
Гар сабр кунӣ в-ар накунӣ, мўи баногўш,
Ин давлати айёми накўӣ ба сар ояд.

***
Суол кардаму гуфтам ҷамоли рўи туро:
«Чи шуд, ки мурча бар гирди моҳ ҷушидаст?»
Ҷавоб дод: «Надонам, чӣ буд рўямро,
Магар ба мотами ҳуснам сиёҳ пўшидаст?».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …