Главная / Ҷамъият / АВФИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ МАБЛАҒҲОЯШОН

АВФИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ МАБЛАҒҲОЯШОН

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ АВФИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИCТОН БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ МАБЛАҒҲОЯШОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №4, қ. 1, мод. 275)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии аз ҷониби давлат анҷом дода шудани амали истисноии якдафъаина оид ба авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии маблағҳояшон муайян менамояд.

Мақcади ин Қонун аз ҷалби маблағҳои иловагӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон, бехтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ иборат мебошад.

699999

Моддаи 1. Шарҳи мафҳумҳои асоси 

Барои мақсадҳои Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мегарданд:

Қонунигардонии маблағҳо – сармоягузории маблағҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ки қаблан аз гардиши қонунии иктисодӣ бароварда шуда, дар декларатcия расман нишон дода нашудаанд.

Авфи шаҳрвандон – аз ҷавобгарии пешбининамудаи қонунгузорӣ озод намудани шахсоне, ки маблағҳои худро қонунӣ гардонидаанд.

Давраи қонунигардонӣ – даврае, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Моддаи 2. Соҳаи истифодаи Қонун

 

Қонуни мазкур нисбати он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ маблағҳои худро қонунӣ гардонидаанд, истифода мегардад.

Муқаррароти пешбининамудаи Қонуни мазкур нисбати маблағҳои дигар шахсон ё маблағҳои ба сифати кредит гирифташуда татбиқ намегардад.

 

Моддаи 3. Тартиб ва шартҳои қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон

 

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи қонунигардонӣ метавонанд маблағҳои худро ба тариқи зайл қонунӣ гардонанд:

а) саҳмгузорӣ дар ташаккули сармояи оинномавии шахсони ҳуқуқии ватанӣ, аз ҷумла дар раванди хусусигардонии моликияти давлатӣ;

б) харидории амвол, аз ҷумла саҳмия ва қоғазҳои арзишноки шахсони ҳуқуқӣ резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

в) гузоштани пули нақд бо асъори миллӣ ё хориҷӣ ба ҳисобҳо дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ё интиқоли маблағҳо аз ҳисобҳои бонкҳои хориҷӣ ба бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

г) соҳиб шудан ба ҳуқуқи молумулкии резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қонунигардонии маблағҳо, ки бандҳои «а», «б» ва «г»-и ин модда пешбинӣ намудааст, танҳо бо шарти интиқоли ҳатмии маблағҳои қонунигардонидашаванда ба бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.

 

Моддаи 4. Кушодани ҳисобҳо барои шаҳрвандоне, ки маблағҳои худро қонунӣ мегардонанд

 

Хусусиятҳои кушодан ва пешбурди ҳисобҳои бонкӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба онҳо маблағҳои қонунигардонидашаванда ворид карда мешаванд, бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян мегарданд.

Ба шахсоне, ки маблағҳои худро қонунӣ мегардонанд, бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳисобҳои онҳо маблағҳои қонунгардонидашаванда ворид мешаванд, ҳуҷҷати расмие медиҳанд, ки ҳаҷми маблағи вориднамуда ва таърихи ворид намудани онро нишон медиҳад.

 

Моддаи 5. Махфияти маълумот оид ба маблағҳои қонунигардонидашаванда ва соҳибони онҳо

 

Маълумот оид ба маблағҳои қонунигардонидашаванда ва соҳибони онҳо махфӣ мебошад.

 

Моддаи 6. Афви шаҳрвандоне, ки маблағҳои худро қонунӣ гардонидаанд

 

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давраи қонунигардонӣ маблағҳои худро қонунӣ гардонидаанд, авф карда шуда, аз ҷавобгардии дар моддаҳои 259, 260, 263, 193 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷиноятҳои то oғози давраи қонунигардонӣ содирнамуда ва ҷавобгарии дар моддаҳои 164, 1641, 1651 Кодекcи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ» барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ пешбинигардида то оғози давраи қонунигардонӣ озод карда мешаванд.

 

Моддаи 7. Кафолати ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандоне, ки маблағҳои худро қонунӣ

                       мегардонад

 

Дарвлат ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки маблағҳои худро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ мегардонанд, кафолат медиҳад.

 

Моддаи 8. Масунияти андоз

 

Маблағҳои мутобиқи  Қонуни   мазкур  қонунигардонидашуда ба даромади андозбандишававда дохил карда намешаванд.

 

Моддаи 9. Ҷавобгарӣ барои вайроикунии Қонуии мазкур

 

Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонутузории Ҷумҳурии Тоҷикиcтон ҷавобгаранд.

 

Моддаи 10. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

 

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                               Э. РАҲМОНОВ

 

ш. Душанбе,  10 майи соли 2002

№40

 

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …