Главная / Ҷамъият / Авф намудани Xудованд гуноҳони шахсонеро, ки олимонро дар дунё дӯст медоштанд

Авф намудани Xудованд гуноҳони шахсонеро, ки олимонро дар дунё дӯст медоштанд

Авф намудани Xудованд гуноҳони шахсонеро, ки олимонро дар дунё дӯст медоштанд

Дар хабар аст, ҳар вақте ки Худои таъоло ҳисоб кунад бо банда, чун ғолиб шавад бадиҳои вай бар некиҳои вай, пас амр кунад вайро Худои таъоло ба сӯи оташ. Чун баранд ӯро ба сӯи оташ, Худои таъоло Ҷабраил (а)-ро фармояд, ки бандаи маро савол кун. Оё ягон бор дар дунё бо олимон нишастааст, то ки ӯро ба шафоати он олимон биёмурзам?

Чун савол кунад ӯро Ҷабраил (а), гӯяд: – Не.

Пас Ҷабраил гӯяд: – Эй Парвардигори ман, ту доноӣ ба ҳоли бандаи худ.

Пас Худои таъоло Ҷабраил (а)-ро гӯяд: – Савол кун ӯро, оё олимонро дӯст доштӣ?

Пас савол кунад Ҷабраил аз банда, гӯяд: – Не.

Фармояд Худои таъоло: – Савол кун ӯро, оё ягон бор нишастӣ бар таъом хӯрдан бо ҳамроҳии  олимон дар дунё?

Пас савол кунад Ҷабраил (а), гӯяд – Не.

Фармояд Худои таъоло: – Савол кун ӯро, ки оё зиндагонӣ кардӣ дар ҷое, ки дар он зиндагонӣ карда бошад олиме?

Пас савол кунад ӯро, гӯяд: – Не.

Пас фармояд Худои таъоло: – Савол кун, оё ягон писари худро номи ягон олиме гузоштаӣ?

Гӯяд: – Не.

Фармояд Худои таъоло Ҷабраил (а)-ро, ки савол кун ӯро.

ё дуст доштӣ шахсеро, ки ӯ дуст медошт олимонро?

Савол кунад ӯро ва ӯ гӯяд: – Ope.

Фармояд Худои таъоло Ҷабраил (а)-ро: – Бигир дасти ӯро, дохил кун ӯро дар ҷаннат, зеро ки ин шахс дар дунё дӯст  медошт шахсеро, ки ӯ дӯст медошт олимонро.

Дар хабар омадааст, ки ҳаройина барангезад Худои таъоло рӯзи қиёмат масҷидҳои дунёро, мушобеҳ ба сурати шутурони  сафед, ки пойҳои онҳо аз анбар бошад. Ва гарданҳои онҳо аз заъфарон бошад ва сарҳояшон аз мушк бошанд. Ва пуштҳояшон аз забарҷади сабз бошанд. Савор шаванд бар онҳо намозхонони бо ҷамоат ва муаззинон мекашанд онҳоро ба  лаҷомҳо ва имомони масҷид меронанд онҳоро.

Пас бигузаранд дар арасоти қиёмат.  Гуфта шавад, ки ин ҷамоат аз фариштагони мукаррабанд. Ё аз пайғамбарони мурсаланд. Пас овоз кунад овозкунандае, ки, эй аҳли қиёмат, онҳо на аз фариштагони муқаррабанд, на аз пайғамбарони мурсал, балки инҳо аз уммати Муҳаммади Мустафо (с) хастанд. Ононе, ки муҳофизат кардаанд панҷ вақт намозро бо ҷамоат.

Худовандо, оқибати кори ҳамаи мӯъминонро ба хайр гардонӣ, омин.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …