Главная / Илм / АУТОГЕМОТЕРАПИЯ

АУТОГЕМОТЕРАПИЯ

autogemoterapiyaАУТОГЕМОТЕРАПИЯ (аз autos – худ, гемо… ва терапия), ба зери пӯст ё мушак фиристодани хуне, ки аз венаи худи патсиент гирифта шудааст. Нақшаи табобатро духтур муқаррар менамояд. Муолиҷаро аз тазриқи 2 мл хун оғоз намуда, баъди ҳар 2 – 3 рӯз вояи онро 2 мл зиёд мекунанд (то ба 10 мл мерасонанд). Дар даври муолиҷа 12 – 15 тазриқ карда мешавад. Агар дар мавриди А. нишонаҳои номатлуб (мас., баланд гаштани ҳарорат, дард ва варам кардани ҷойи тазриқ) рух намоянд, вояи хун камтар карда мешавад.
А. дар мавриди бемориҳои сироятӣ ва римдор истифода мегардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …