Главная / Илм / АУТОФОНИЯ

АУТОФОНИЯ

%d0%b0%d1%83%d1%82%d0%be%d1%84%d0%be%d0%bd%d0%b8%d1%8fАУТОФОНИЯ (аз юн. autos – худ ва phone – овоз, садо), ҳолатест, ки дар мавриди он одам садои худро бисёр баланд мешунавад. А. дар натиҷаи ихтилоли ҳавогузарии ҷавфи нақора, руст шудани роҳи беруни шунавоӣ ва ғ. ба вуҷуд меояд. Чунин тарзи А. дар мавриди кушодани роҳи беруни шунавоӣ (дур сохтани танбаи гӯш, ҷисми бегона ва ғ.) бартараф мегардад. А. метавонад дар натиҷаи воз будани найи сомеа ва атрофияи луобпардаи он, фалаҷи мушакҳои коми нарм низ ба вуҷуд ояд. Дар ин гуна ҳолатҳо А. устувор аст ва табобати махсус мехоҳад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …