Главная / Anonymous (страница 20)

Anonymous

Забткориҳои Русия дар Осиёи Марказӣ дар солҳои 70

0960b2be

Англия аз бомуваффақият истило карда шудани Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия ба ташвиш афтода, соли 1869 роҷеъ ба таъсиси давлати ”мобайнӣ”-и бетарафи байни минтақаҳои зери тасарруфи Англия ва Русия масъала ба миён гузошт. Мувофиқи нақшаи англисҳо мебоист Афғонистон чунин давлат мешуд. Дар ин нақша ба Афғонистон ҳамроҳ карда шудани Бадахшон …

Муфассал »

Ҳуҷуми артиши Русия ба Осиёи Марказӣ

5b1fa828370f2c12468b459f

Бо сабабҳои дар боло нишон додашуда соли 1864 ҳуҷуми густурдаи артиши Русия ба давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт. Моҳи сентябри соли 1864 Чимкент ба ғосибон таслим шуд. Баъди ин артиши истилогарони Русия ба сӯи Тошкент раҳсипор шуд. Дар охирҳои моҳи апрели соли 1865 муҳофизони қалъаи Ниёзбек аз русҳо шикаст хурданд. …

Муфассал »

Оғози Осиёи Марказиро ишғол кардани Русия

1507-01

Барои Русия нияти ишғол кардани Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар аҳди Пётри I ба вуҷуд омада бошад ҳам, ин марҳала танҳо дар миёнаҳои асри XIX фаро расид. Соли 1847 артиши Русия аз Оренбург то ба соҳилҳои Баҳри Арал омада, дар ин ҷо бо номи Раим истеҳкоми ҳарбие бунёд кард. Баъдтар ин …

Муфассал »

МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ: АМОРАТИ БУХОРО, ХОНИГАРИҲОИ ҚӮҚАНД ВА ХЕВА

slide-7

Чӣ тавре ки ба шумо маълум гардид, дар асри XVIII дар Осиёи Марказӣ се давлати мустақил – Аморати Бухоро ва хониҳои Қӯқанду Хева ташкил ёфтанд. Аз нимаи дуюми асри XVIII то солҳои 60 асри XIX барои ишғоли мулкҳои ҳамдигар дар байни онҳо ҷангҳои сершумор ба амал омаданд. Ин ҷангҳо ба …

Муфассал »

Сарнагун шудани Муҳаммадалишоҳ

iran_14

Шуриши Табрез ва ҳаракати зидди шоҳ дар қаламрави дигари мамлакат ба Муҳаммадалишоҳи иртиҷопеша зарбаи қатъӣ зад. Моҳи июли соли 1909 дар натиҷаи лашкаркашии фидоиёни Гелон-аз Шимол, дастаҳои Бахтиёрия-аз Ҷануб ва гирифта шудани Теҳрон Муҳаммадалишоҳ сарнагун шуд. Писари хурдсоли Муҳаммадалишоҳ – Аҳмадшоҳ подшоҳ эълон гардида, аз ҳайати феодалҳои озодандеш ва хонҳои …

Муфассал »

Шуриши солҳои 1908 – 1909 дар Табрез

14091_113e3b4c48304f-203e41413839413a304f-4d3d46383a3b3e3f3534384f-223e3c-11-805

Баъди дар Теҳрон ба амал омадани табаддулот маркази муборизаи инқилобии Эрон ба Табрез кӯчид. Нерӯҳои шоҳ хостанд, ки ин шаҳрро ишғол кунанд, вале аҳолии он бо шӯриш ҷавоб гардонд. Ба шӯриши Табрез иштирокчии ҳаракати чирики Саттор ва бинокор Богир роҳбарӣ менамуданд. Шӯришчиёни Табрез талаб карданд, ки конститутсия аз нав барқарор …

Муфассал »

Тезу тундшавии мубориза дар байни нерӯҳои сиёсӣ дар Эрон

01-02-2008

Доираҳои ҳукмрони Англия, Русия ва Германия ба ҳаракати инқилобии Эрон душманона назар мекарданд, чунки он мавқеи ин давлатҳоро дар Эрон паст мекард. Англисҳо ва русҳо ҳаракат мекарданд, ки тобеияти Эронро ба Англия ва Русия пурзӯр кунанд, дар он ҷо сохти мутлақият ва ҳукмронии феодалҳоро нигоҳ доранд. Дар солҳои инқилоб ҷидду …

Муфассал »

Инқилоби Эрон. Ҳаракати демократӣ

250px-tabrizrevolutionaries

Тезутундшавии мухолифатҳои дохилии иҷтимоӣ, зиддиятҳо дар байни империалистони хориҷӣ ва нерӯҳои миллии Эрон ва инқилоби буржуазию демократии Русия ба рушди ҳаракати инқилобӣ дар Эрон сабабгор шуданд. Моҳи декабри соли 1905 дар Теҳрон бар зидди сӯистеъмолкунии ҳукумати шоҳ намоиши оммавӣ рӯй дод ва дар масҷиди Шоҳ Абдулазим бест ба амал омад. …

Муфассал »

Ҳаракати миллӣ дар Эрон

01-02-2008

Дар охирҳои асри XIX дар Эрон ғояҳои миллатдӯстии буржуазӣ пайдо мешаванд. Бедории миллии эрониён дар фаъолияти зиёиёни он ифода меёфт. Қисми зиёиёни ҷонибдори ислоҳот аз таъқиботи шоҳ ба хориҷа фирор карда буданд. Муҳоҷирони эронӣ дар Туркия, Миср, Ҳиндустон ва баъзе давлатҳои дигар рӯзномаҳои “Ахтар”, “Ҳикмат”, “Қонун” ва ғайраро нашр мекарданд. …

Муфассал »

Ҳолати ниммустамликавии Эрон

iran_14

Баъди ҷанги солҳои 1856 1857 Эрон ба ниммустамлика табдил меёбад. То солҳои 70- уми асри XIX Эрон аллакай ба Англияю Русия вобаста буд. Вобастагии Эрон баъди ба ширкатҳои хориҷӣ доднии иҷора (консессия) ва қарордодҳо дар бораи вомбарг (заём)-и хориҷӣ боз ҳам зиёдтар мешавад. Солҳои 1862-1874 англисҳо оид ба дар Эрон …

Муфассал »