АТРЕЗИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. tresis – сӯрохӣ), тамоман набудани сӯрохии табиӣ ё баста шудани он дар узвҳои найчамонанди бадан (аорта, артерияҳои шуш, ҳалқум, нои нафас, сурхрӯда, рӯда, мақъад, маҳбал, гарданаи бачадон ва ғ.). А. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. А.-и модарзодӣ дар натиҷаи инкишофи нодурусти ҷанин дар батни модар, А.-и ғайримодарзодӣ аз асари газак, зарбу лат, осеб (мас., дар натиҷаи аз ишқор ё кислота сӯхтани луобпардаҳо) ба вуҷуд меояд. А.-и модарзодӣ дар баъзе мавридҳо (мас., А.-ҳои аорта, нои нафас, рӯда, роҳи шоша ва ғ.) сабаби ҳалокати кӯдаки навзод мегардад. Бинобар ин зарурати ҷарроҳӣ ба миён меояд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …