Главная / Илм / АССАЛОМ, ЭЙ МАЗҲАБИ МОРО ЧАРОҒИ РАҲНАМО

АССАЛОМ, ЭЙ МАЗҲАБИ МОРО ЧАРОҒИ РАҲНАМО

(Ба ҷои сарсухан)

Ассалом, эҳёгари ойини поки Мустафо!

Ассалом, эй муҷтаҳиду орифу Луқмони мо!

Ассалом, Нӯъмони Собит, шӯҳра бар абби Ҳаниф,

Ассалом, эй мазҳаби моро Чароғи раҳнамо!…

Аз теъдоди анқариб як миллиарди мусалмонони рӯи Замин тақрибан 90 дар 100-ро суннимазҳабон ташкил медиҳанд. Ва дар навбати худ бештар аз 60 дар сади суннимазҳабони кураи арз мазҳаби Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит /р/, яъне, мазҳаби ҳанафияро қоиланд.

Имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Хоҷа Собит /р/ /699-767/ муҷтаҳиди роҳи ҳақ ва мутафаккири барҷастаи дини Ислом ва таърихи башар аст, ки афкори пешқадам ва прогрессивиаш ва мактаби дар асоси муборизаҳову бархӯрдҳои ҳаққу ботил созмон додааш 1310 сол, ба ин ҷониб роҳи миллионҳо нафар ҳақҷӯёнро мунаввар кардаву мекунад.

Маҳз хидматҳои содиқонаи ин мутафаккири шаҳиру имоми кабир аст, ки олами Ислом ба амри дилу фурӯғи имон, ба ӯ унвони басо оливу фахрии «Имоми Аъзам» -ро муносиб дидаанд.

Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ дар роҳи ҳалли масойили ҳаётан мубрами шаръӣ ва интишори дини барҳақ ва мубини Ислом заҳамоти зиёде кашидаанд /рӯҳашон шод бод/. Дар қатори Имом Молик ибни Анас раҳамуллоҳ /732-795/, Аҳмад ибни Ҳанбал /р/ /780-855/ ва Абдуллоҳ ибни Идриси Шофеъӣ /р/ /767-820 Ҳазрати Имоми Аъзам /р/ асосгузор ва яке аз аввалин танзимдиҳандаи илми фиқҳу улуми илоҳиётшиносии Ислом ба шумор меравад. Донишу заковат ва қобилияти ӯ то ба он дараҷа, буда, ки аз хурдсолӣ, яъне, аз синни 7-12 солагӣ, ба вазъи масойил ва баёну тавзеҳи он оғоз карда будааст. Қобилият ва маҳорату малакаи донишу фаҳмиш ва масъалагузории Абӯҳанифаи хурдсол диққати яке аз фуқаҳои машҳури замон, илоҳиётшинос ва ҳамасри Ҳазрати Расули Акрам /с/, Ҳаммод ибни Абӯсулаймон /р/-ро ба худ ҷалб мекунад. Ва ба ҳидояти ӯ Абӯҳанифа /р/ зиёда ба илми фиқҳ, ки дӯстдоштатарин илми Расули Акрам/с/ аст ва ҳалли масойили он машғул мешавад.

Ӯ назди Ҳаммоди Фақеҳ /р/ зиёда аз ҳаждаҳ сол илми фиқҳро омӯхта ва ҳамчунин дар назди фуқаҳойи бузурги Кӯфа, Бағдод, Басра ва Мадина усули илми фиқҳ ва ҳикмати аҳодиси Расули акрам /с/-ро пурра аз бар намуд. Ва то ба дараҷае расид, ки рӯзе, дар ҷамъи уламо ва кубаройи Кӯфа, устодаш Ҳаммод /р/ хати иршод ба Абӯҳанифа /р/ дод ва ӯро ба ин роҳ дуо дод. Имом Абӯҳанифа /р/ муқтадои оламиён шуданд. Фақеҳи варзидаи давр Ҳаммод ибни Абӯсулаймон /р/ қабл аз вафоти хеш васияти инкишофу тавсия ва такмили фиқҳро ба Имом Абӯҳанифа /р/ махсус донист.

Дар таърихи дини мубини Ислом, валиаллоҳ ва муҷтаҳид Имом Абӯҳанифа /р/ нахустмуалллифу соҳибкитобест, ки дар масойили динӣ, яъне, илоҳиётшиносӣ /амсоли илми фиқҳ, ҳақиқату тариқати имомат, ҳаққу ботил, тоату ибодат, ҳалолу ҳаром, амри маъруфу наҳйи мункар, тақвову тавҳид ва ғайра асарҳои бузурги илмие ба мисли «Фиқҳ-ал-акбар», «Муснад» /ҷамъи Ҳадис/, «Васиятнома», «Китоб-ал-олим-вал-мутааллим» ва ғайраро рӯи коғаз овардааст. Ва маҳз ба ин хотир аст, ки Имом Шофеъӣ Абдуллоҳ ибни Идрис раҳаммулоҳ, ки худ аз шогирди шогирдони Имоми Аъзам, шогирди Абӯюсуфи Яъқуб ва Муҳаммади Шайбонӣ буд, нисбати Имом Абӯҳанифа /р/ чунин ҳарфҳоро бо ихлос ба забони муборак овардаву гуфта, ки: «Кулли уламойи олам дар фиқҳ, ки аз дӯстдоштатарин илми Пайғамбарамон салъам аст/ аёли Абӯҳанифаанд, яъне, зердасти ваянд,»…

Вале, мутаассифона имрӯз на ҳама мардуми Тоҷикистон ва ҷамоҳири мусалмоннишини собиқ Шӯравӣ, аз шахсияти мутабаррики Ҳазрати Имоми Аъзами сӯфии Кӯфӣ /р/ ба таври бояд иттилоъ доранд. Ва ҳатто афроде ёфт мешаванд, ки худ намедонанд, ки дар кадом мазҳаби дини мубини Ислом қарор доранд.

Донишманд ва олими ҷавон ва рӯзноманигори шинохтаи ҷабҳаи фарҳанг ва улуми адабӣ Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр (Тӯраев Бурҳониддин Бузургович) метавон гуфт, ки яке аз беҳтарин ҷавонони пажӯҳанда ва муҳаққиқи соҳибзавқест, ки ӯ бо сабку нигориши аҷиб, яъне, илмию бадеӣ ва усулу одоби классикиву насри равону ҷо-ҷо мусаҷҷаъ, аввалин шуда, китобе басо арзишманд оиди таърихи дини Ислом, ба хусус бозшинохти ҳаёту фаъолият, мероси оламшумул ва зиндагии басо ибратбахши «Чароғи уммат»-и Ҳазрати Расули акрам /с/ – Имоми Аъзам Ҳаким Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Хоҷа Собит /р/ нигоштааст, ки ҳоло дар дасти мубораки шумост ва қазовати он бар шумост.

Донишманд ва олими ҷавону заковатманд, саҳеҳуннасаб (аз содоти Ҳусайнӣ саломуллоҳ) Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр (Тӯраев Бурҳониддин Бузургович) китоби хешро бо унвонҳои басо ҷолибе ба бахшҳо ҷудо намуда, мазмуни ҳар мавзӯи бахшро хеле хуб ва муфассалан баён намудааст. Шояд аз назари баъзе муддаиён (дар пажӯҳиш оиди таърихи  Ислом, таърихи мазҳаби ҳанафия ва перомуни шахсияти Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ раҳамуллоҳ ва ҳаёту фаъолияти ӯ)-и мавзӯъ ва нигориши ин асар, муаллиф ба саҳву хатоҳо роҳ додааст, вале бояд гуф, ки ӯ ҳоло ҷавон асту роҳ дар пеш…

Ӯ, яъне, Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр зодаи кӯҳистон аст ва дар таърихи 18-и апрели соли 1966 дар деҳаи басо зебоманзараи аслан яғнобинишини  Каҷровути кӯҳдомони ноҳияи Ғончӣ (ҷаддӣ ӯ Шайх Мавлавӣ Сайид Маллахоҷаи Валӣ, тақрибан солҳои 1890-1895, аз деҳаи Оббурдони Масчоҳи Кӯҳӣ, ба ин деҳа омада, ин деҳи аслан яғнобинишин Каҷровутро макони зисти худ қарор додаанд ва соли 1905 бобои Ҳаётхоҷа – Эшонтӯра, писари Эшони Маллахоҷа, яъне, қиблагоҳи падари Бурҳониддин, ба дунё омадаанд…). дар оилаи рӯҳонӣ, яъне, сайидзодагони… аслан бухорӣ (бузургҷаддашон… Мавлавӣ Сайид Мирзобаҳодурхоҷаи Танӯрӣ ибни Сайид Мирзохоҷа ибни Мир Сайид Нуриддин ибни Мир Сайид Шоҳ Убайдуллоҳи Валӣ ибни Мир Сайид Ошиқи Бухорӣ ибни Мир Сайид Муҳаммадамин ибни Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ… ибни Ҳазрати Имом Ал-Ҳусайн саломуллоҳу ълайҳ… мулаққаб ба Эшони Гул ва Эшони Танӯрӣ) ба дунё омада… Ва таълимоти ибтидоӣ ва мутавасситаи донишандӯзии худро аз дабистони зодгоҳаш, деҳаи Каҷровут ва баъдан аз мактаби мутавасситаи хоҷагии ба номи С.Айнӣ – шаҳраки Гулистони ноҳияи Зафаробод гирифтааст. Соли 1992 баъди хатми Донишгоҳ, яъне, факултаи филология (улуми адабӣ)-и тоҷики Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон пурра ба кори рӯзноманигорӣ ва фаъолияти илмиву эҷодӣ шурӯъ кардааст. Хонандагони рӯзномаву маҷаллаҳо кайҳост, ки бо маҳсулхомаҳо ва андешаҳои бикри Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр, тавассути рӯзномаву ҳафтаномаҳои «Ҷавонони Тоҷикистон», «Ҷумҳурият», «Наврӯзи Ватан», Тоҷикистон», «Сомон», «Адабиёт ва санъат», «Истиқлол», «Ҳафтганҷ», «Ҷунбиш», «Паёми Душанбе» ва маҷаллаҳои «Фарҳанг», «Истиқбол», «Ошно»-и Ҷ.И. Эрон, «Тоҷикистон», «Шоҳроҳи Ваҳдат», «Илм ва ҳаёт», «Паёми Донишгоҳи Миллӣ», маҷмуаҳои илмии ДДМТ, ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва ғайра ба хубӣ ошноянд ва садои дилнишини ӯро зиёда тавассути родиёи Тоҷикистон ки солҳои 1995-1997 дар «Идораи адабиёт ва ҳунар», ба ҳайси муҳаррири барномаи «Гулзори сухан» фаъолият намудааст, ошноянду аз ҳикмати андешаҳои ӯ файзёб. Ва муддате мадид ӯ ба ҳайси ходими илмӣ, дар бахши яғнобшиносии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ (зери сарпарастии устоди фарзона марҳум Профессор Хромов А.Л)-и АУ Тоҷикистон фаъолият кардааст ва ҳамчунин муддате дар идораи Бунёди фарҳанги Тоҷикистон, дар вазифаи коршиноси калон ва мудири бахши Китобхонаи форсии ин даргоҳи адаб фаъолият намудааст.

Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр аспиранти хатмкардаи бахши диншиносӣ ва назарияи озодфикрии Пажӯҳижгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АУ Тоҷикистон низ буда, зери сарпарастии диншиноси маъруф устод Шерзод Абдуллоҳзода, дар мавзӯи «Масойили динӣ-фалсафӣ дар Шоҳнома» тадқиқотҳои илмӣ бурдааст…

Ҳамчунин, ӯ аз соли 1997 ба ин ҷониб узви Конфедератсиюни байналмилалии Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон мебошад…

Ҳоло бошад, донишманди ҷавон Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр (Тӯраев Бурҳониддин Бузургович) устоди кафедраи забони тоҷикии факултаи филологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ буда, ба донишҷӯён аз фанҳои «Таърихи забони тоҷикӣ», «Грамматикаи таърихӣ», «Матни классикӣ» ва дигар фанҳои тахассусӣ дарс мегӯяд. Ҳамчун муҳаққиқи таърихи забон ӯ дар мавзӯи «Таҳлили лингвистии микротопонимияи Яғноб» рисолаи номзадӣ навишта ва ҳам китоби дарсии «Таърихи забони тоҷикӣ»-ро таълиф намудааст, ки яке дар арафаи ҳимоя буда, дигаре дар дасти чоп мебошад.

Ва аз як тараф боиси эътироф ва сазовори таҳсину офарин аст, ки агар ҳар ҷавоне имрӯз, дар таҳқиқу пажӯҳиши соҳаҳои мухталифи илму фарҳанг ва дину мазҳаб чунин заҳмате кашаду ҷуръате пеш орад, ба мисли Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр, эҳтимол дар ояндаи на чандон дур хеле корҳои муфиди тадқиқотие ба анҷом хоҳанд расид, ки кайҳо боз интизори пажӯҳиши муҳаққиқинанд.

Албатта ҳар кори тадқиқотӣ, орӣ аз камбудиву нуқсон нест, з-ин рӯ тавассути хонандагони закӣ ва мутахассисони орӣ аз хештанпарастӣ умед аст, ки муаллифи ҷавон дар оянда роҳ сӯи ислоҳи саҳву хатоҳо пеш гираду дар нашрҳои минбаъда, тадқиқоти хешро комилтар созад.

Ба ин хотир дар пажӯҳишҳои минбаъдаи муҳаққиқи пуркор ва ҷавонмуҷтаҳид Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр тавфиқу комёбӣ орзу намуда, таманнои онро дорем, ки Бурҳониддини сонӣ (чун муриди шоистаи Имоми Аъзам Абӯҳанифа разиаллоҳ- Бурҳониддини Марғелонӣ -бузургфақеҳи тоҷик, муаллифи китоби «Ҳидоя» -маҷмӯъи муҳими қавонин ва аҳкоми шаръӣ, аз рӯи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ) дар оянда соҳибэҳтироми мардумон гардад ва мартабаву дараҷае ёбад.

…Ба ҳар ҳол хидмату заҳмати ин ҷавони бедордилу болиғназар Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр, ки дар роҳи дини мубин ва барҳақи Ислом кашидааст, шоистаи қадрдониву қадршиносист. Ва китоби мазкур тӯҳфаи басо арзандаест ба ифтихори 1310-солагии бузургдошти инсони комил ва имоми кабиру мутафаккири шаҳири Шарқ – фарзанди халқи тоҷик Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ки бо иқдоми Президенти ҷумҳурӣ – Ҷаноби Олӣ,  Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 дар тамоми олам баргузор мегардад. Ахиран, дар поёнбахши фарозмониҳои хеш банда, аз забони Аллома Муҳаммад Иқбол ба ҷавонфайласуф ва мӯъмину муҷтаҳиди роҳи ростин Сайид Бурҳониддини Бузургмеҳр дуъо мекунам ва ҳидояташ мекунам, ки:

«Тарош бо тешаи худ ҷодаи хеш,

Ба роҳи дигарон рафтан азоб аст.

Гар аз дасти ту кори нодир ояд,

Гуноҳе ҳам агар бошад, савоб аст».

Доктор Сайид Абдулҳай

Комилии Шарифзода

 

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …