Главная / Гуногун / Асноди дуои «Ҷавшани кабир»

Асноди дуои «Ҷавшани кабир»

Овардаанд, ки дар яке аз ғазоҳо дар ҳолате, ки дар тани он Ҳазрат (с) ҷавшани гароне буд, ки вазнинии он бадани муборакашонро ба дард оварда буд. Пас Ҷабраил (а) арз кард, ки: «Эй Пайғамбари Худо (с), Парвардгорат туро салом мерасонад ва мефармояд, ки: «Ин ҷавшанро аз танат дур кун ва бихон ин дуоро, ки ӯ амон аст аз барои ту ва уммати ту».

Ҳар кӣ ин дуоро ба нияти холис дар аввали моҳи шарифи рамазон бихонад, Худои таоло ӯро рӯзӣ фармояд шаби қадрро ва халқ фармояд ҳафтод ҳазор фариштаро, ки тасбеҳу тақдис кунанд Худои таолоро ва савобашро барои он банда қарор диҳанд. Ва ҳар кӣ ин дуоро дар мохи шарифи рамазон се маротиба бихонад, ҳаром фармояд Худои таоло насади ӯро бар оташи ҷаҳаннам ва воҷиб фармояд барои ӯ биҳиштро ва ду фариштаро бар ӯ муаккал фармояд, ки ҳифз кунанд ӯро аз гуноҳон ва дар амони Худои таоло бошад дар муддати ҳаёти худ.

Дуои «Ҷавшани кабир» аз сад фасл иборат буда, ҳар фасле шомили даҳ исми Илоҳӣ мебошад, ки дар маҷмӯъ ҳазор исми илоҳиро доро мебошад.

Дуои «Ҷавшани кабир»

Бисмиллоҳи-р-Раҳмони-р-Раҳим

Даҳ номи Худои таоло барои нусрат хостан.

Аллоҳумма иннӣ асъалука биасмоика-л-ҳусна-л-латӣ мо алимно минҳо ва мо лам наълам ва биасмоика-л-латӣ қомати-с-самовоту ва-л-арзу, биҳо туиззу ва биҳо тузиллу ва биҳо туҳйи ва биҳо тумиту ё Саййида-с-содоти, ё Муҷиба-д-даавоти, ё Валийя-л-ҳасаноти, ё Рофиа-д-дараҷоти, ё Азима-л-баракоти, ё Ғофира-л-хатиоти, ё Дофиа-л-балийёти, ё Сомиа-л-асвоти, ё Муътия-л-ҳоҷоти, ё Олима-л-хафийёт.

Субҳонака, ё Аллоҳу, ло илоҳа илло Анта, халлисно мина-л-ғамми ва-л-ҳамми ва-н-нори, ё Рабб.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …