«АШ-ШОМИЛ», асари Алоуддин Алӣ ибни Абилҳазми Қурашӣ, маъруф ба Ибни Нафиси Димишқӣ (1200 – 1288) дар боби тиб. Китоб аввалин доиратулмаориф (энсиклопедия)-и комилу шомили тиббӣ буда, муаллиф онро ба итмом нарасондааст. Ҳамин шакли нотамоми он ҳаштод муҷалладро дарбар мегирад. Аз рӯи нақшаи муаллиф дар сурати ба итмом расондан он бояд аз сесад ҷилд иборат мешудааст.
Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», ҷ. 2, Лубнон, 2007.
С. Шаҳобуддинов.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Литсейи Умари Хайём дар шаҳри Душанбе
31 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон …