Главная / Илм / АСЕПТИКА

АСЕПТИКА

911330АСЕПТИКА (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. septikos – мадданок), тадбирҳои пешгирии ба ҷароҳат ворид шудани микробҳои касалиовар. Буқрот, Ибни Сино, Розӣ ва диг. усулҳои безараргардонии ҷароҳатро бо сирко, май, скипидар, равғани ҷӯшон, оҳак, намакҳои мис, оҳани тафсон, марҳам ва ғ. васеъ истифода бурдаанд. Аввалин маротиба А.-ро ҷарроҳи немис Э. Бергман (1836 – 1907) кор карда баромадааст. Дар амалияи ҳозираи ҷарроҳӣ безарар намудани захмро асосан бо усулҳои физикӣ (бо ҳарорати баланд, автоклавонӣ ва бо нури ултрабунафш) ба ҷо меоранд. Барои он ки ҷароҳат аз асбобҳои ҷарроҳӣ, ҳаво ва ғ. микробнок нашавад, онҳоро бо усулҳои зикргардида ва доруҳои махсус стерилизатсия мекунанд. А. усули муҳимтарини пешгирии сироят дар амалиёти ҷарроҳии муосир мебошад. А.-ро ҳатто дар он мавридҳое низ амалӣ мегардонанд, ки сироят ба бофтаҳо кора карда бошад. Қоидаҳои А. чӣ дар мавриди ҷарроҳии «фасодӣ» ва чӣ дар аснои ҷарроҳии «тоза» бояд қатъӣ риоя карда шаванд. Сарфи назар намудани онҳо ҳатто дар мавриди ҷарроҳии «тоза» низ боиси фасод пайдо кардани ҷойи ҷарроҳӣ мегардад.
Бо усули Алфелд ҷарроҳ дастонашро бо оби гарму собун ва чӯтка 5 дақиқагӣ 2 маротиба мешӯяд, хушк карда пок мекунад, 5 дақиқа спирти 96° мемолад, баъд дастпӯшаки резинии тамйизшударо мепӯшад. Феълан дар ҷумҳурии мо бештар усули асептикии С.И. Спасокукотский ва Н.Г. Кочергин истифода мешаванд: ҷарроҳ дасташро бо дока ё пахтае, ки дар тос ба маҳлули 0,5-фоизаи аммиак гузошта шудааст, 3 дақиқагӣ 2 маротиба шуста хушк мекунад ва баъд спирт мемолад. Ҷои ҷарроҳиро бо спирт пок карда, 2 маротиба маҳлули 5 – 10-фоизаи йод мемоланд. Барои микробнок нашудани ҳавои хонаи ҷарроҳӣ ва бандинагузорӣ ҷарроҳ ва ҳамшираҳои тиббии ёрдамчӣ даҳону биниашонро бо дока мебанданд. Ниг. низ Антисептика.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …