Главная / Гуногун / Қасамхурии дарвеши ҳомила

Қасамхурии дарвеши ҳомила

Фақираи дарвеше ҳомила буд, муддати ҳамл ба сар оварда ва мар ин дарвешро ҳама умр фарзанд наёмада буд.
Гуфт:
– Агар худои азза ва ҷалла маро писаре диҳад, ҷуз ин хирқа, ки пушида дорам, ҳарчи милки ман аст, эсори дарвешон кунам.
Ба мўҷиби шарт иттифоқан писар оварду суфраи дарвешон ба мўҷиби шарт биниҳод. Пас аз чанд соле, ки аз сафари Шом бозомадам, ба маҳаллати он дўст баргузаштам ва аз чигунагии ҳолаш хабар пурсидам.
modarГуфтанд:
– Ба зиндони шаҳна-дар даст.
Сабаб пурсидам, касе гуфт:
– Писараш ҳамр хўрдааст ва арбада карда ва хуни касе рехта ва худ аз миён гурехта. Падарро бо иллати ў силсила дар ной асту банди гарон бар пой.
Гуфтам:
– Ин балоро ба ҳоҷат аз худо хостааст!

Замони бордор, эй марди хушёр,
Агар вақти валодат мор зоянд,
Аз он беҳтар ба наздики хирадманд,
Ки фарзандони ноҳамвор зоянд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …