Главная / Гуногун / АСҶАДӢ ва ФАРРУХӢ- Дар Баҳористони Абдураҳмони Ҷомӣ

АСҶАДӢ ва ФАРРУХӢ- Дар Баҳористони Абдураҳмони Ҷомӣ

АСҶАДӢ

Вай аз Марв аст ва аз ҷумлаи модеҳони Яминуддавла52 буд ва дар таҳнияти фатҳи вай Ҳиндустонро қасидае дорад, ки матлаъаш53 ин аст:

Ш е ъ р
То шоҳи хурдабин сафари Суминот54 кард,
Кирдори хешро алами мўъҷизот кард.

Ва дар сифати харбуза гўяд:

Қ и т ъ а
Он забарҷадрангу мушкинбўю таъмаш таъми шаҳд,
Ранги дебо дорад ў гўйиву бўйи ўди хом.
Чун бибурридӣ, шавад ҳар як аз он даҳ моҳи нав,
В-ар набуррӣ, бошад андар зоти худ моҳи тамом.

ФАРРУХӢ

Вай низ дар айёми давлати Яминуддавла буд ва аз фавозили56 инъомоти57 вай моли хатир 58 ба даст овард ва азимати тамошои Самарқанд кард. Чун ба наздики он хитта расид, қуттоъи тариқ59 ҳар чӣ дошт, бибурданд. Ба Самарқанд даромад ва худро зоҳир накард60. Рўзе чанд он ҷо буд. Ин қитъаро бигуфт ва бозгашт.

Қ и т ъ а
Ҳама наими Самарқанд сар ба сар дидам,
Назора кардам дар боғу роғу водию дашт.
Чу буд кисаю ҷайби ман аз дирам холӣ,
Дилам зи саҳни амал фарши хуррамӣ бинвашт,
Басе зи аҳли ҳунар борҳо ба ҳар шаҳре
Шунида будам: Кавсар як асту ҷаннат- ҳашт,
Ҳазор кавсар дидам, ҳазор ҷаннат беш,
Вале чӣ суд, ки лабташна боз хоҳам гашт?!
Чу дида неъмат бинад, ба каф дирам набвад,
Саре бурида бувад дар миёни заррин ташт.

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …