Главная / Гуногун / Арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон

Арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон

Арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо нишонаи дуюми давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Таърихи башар – таърихи муборизаи инсон барои ноил шудан ба ҳуқуқ ва озодиҳое мебошад, ки аз азал ва табиатан ба ў тааллуқ доранд. Тавре ки дар моддаи якуми Эъломияи умумии ҳуқуқи башар гуфта шудааст: «Тамоми одамон озод ба дунё меоянд ва аз лиҳози манзалат ва ҳуқуқ бо ҳам баробаранд».

Мувофиқи моддаи сеюми ҳамин санад «ҳар фард ба зиндагӣ, ба озодӣ ва ба дахлнопазирии шахсӣ ҳуқуқ дорад».

qonunДар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ў арзиши олӣ мебошанд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ шуда, мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳаллӣ ва мақомоти худидоракунии ҳокимияти давлатиро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин карда мешаванд. Давлат ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд (моддаҳои 5 ва 14 Конститутсия).

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон аз лаҳзаи таваллуд ба худи ў тааллуқ дошта, аз тарафи давлат офарида намешаванд. Ҳеҷ гуна шахси мансабдор чунин ҳуқуқу озодиҳоро ба инсон дода наметавонад. Давлат онҳоро дар Конститутсия, қонунҳо ва дигар меъёрҳои ҳуқуқӣ фақат мустаҳкам менамояд. Кафолати амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳоро давлат бояд ба зиммаи худ гирад. Агар ҳуқуқу озодиҳои инсон пурра дар ихтиёри давлат ё ягон шахси мансабдори давлат бошад, дар ин сурат онҳо дахлнопазир шуда наметавонанд. Зеро дар чунин ҳолат давлат ё шахси мансабдор офарандаи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон мешаванд, ки ин боиси маҳдуд гардидани онҳо мегардад. Таъмини ҳимояи ҳуқуқии шахсият вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Дар баробари ҳамин, барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд ҳарчи бештар барои мувофиқ омадани манфиати давлат ва шахс мусоидат менамояд, зеро ҳамаи шаҳрвандон дар ташкил намудани ҳокимияти давлатӣ иштирок менамоянд. Шаҳрвандон худро соҳиби ҳақиқии давлат ҳис намуда, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳоро интихоб мекунанд. Фаъолияти мақомот ва шахсони мансабдор барои хизмат намудан ба ҷамъият ва шаҳрвандон равона карда мешавад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …