Главная / Гуногун / Қарзи имтиёзноки Хазинаи байналмилалии асъор

Қарзи имтиёзноки Хазинаи байналмилалии асъор

Қарзи имтиёзноки Хазинаи байналмилалии асъор ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ равона мегардад

189,0 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзноки Хазинаи байналмилалии асъор, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст, бо дарназардошти вазъи имрӯзаи иқтисодӣ ва эҳтимоли зиёди коҳиши ҳаҷми даромадҳои буҷети давлатӣ дар соли 2020, бо бартарият барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат, аз ҷумла пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, зиёд намудани ҳаҷми маблағгузориҳо ба соҳаи тандурустӣ, афзоиши ҳаҷми кӯмакҳои унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, инчунин, хизматрасонии қарзи беруна ва маблағгузории дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ равона карда мешаванд. Дар ин бора Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки ХБА аввали моҳи марти соли 2020 ҷиҳати дастгирии молиявии кишварҳои аъзои ин созмон ҷиҳати ҷудо намудани кӯмаки молиявӣ дар ҳаҷми 1 триллион доллари амрикоӣ хабар дода буд. Дар баробари дигар кишварҳои аъзо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти қарзи оҷилӣ ва имтиёзноки ХБА нимаи аввали моҳи марти соли 2020 расман муроҷиат намуд. Дархости Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин созмони молиявии ҷаҳонӣ қабул гардида, гуфтушунидҳо таҳти сарпарастии хонум Падмажа Ҳанделвал аз ҷониби ХБА ва муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран шурӯъ шуданд. Дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо ҷонибҳо барои ҷалби 80 фоизи квотаи қарзгирии барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда, яъне 189,0 млн доллари амрикоӣ ҳамчун қарзи имтиёзноки дарозмуддат барои 10 сол бо 5 соли имтиёзӣ ба тавофуқ расиданд.

Роҳбарияти Хазинаи байналмилалии асъор 6 майи соли равон барои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани 189,0 млн доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок қарор қабул намуд ва маблағҳои мазкур 8 майи соли 2020 ба суратҳисоби махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки миллии Тоҷикистон ворид шуданд.
Мутобиқи шартҳои қарзгирии оҷилии Хазинаи байналмилалии асъор, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст, ки ҳар семоҳа дар сомонаҳои расмӣ ҳисоботи истифодаи маблағҳои ҷудогардида, инчунин, ҳамасола натиҷаи санҷиши истифодаи ин маблағҳоро, ки бояд аз ҷониби

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …