АРТРАЛГИЯ (Arthralgia; аз юн. arthron – банд ва algos – дард), дарди бандҳо. Дард пайдо кардани чандин бандаҳоро полиартралгия меноманд. А. дар мавриди бемориҳои тарбодӣ, сироятӣ, эндокринӣ ва ғ. мушоҳида мешавад. Сабаби пайдоиши дард нӯги асабҳои ғилофаи бандҳоро ангехтани маҳсули илтиҳоб, аксуламалҳои иммунологӣ, токсинҳо, кристаллҳои намак (мас., уратҳо), остеофитҳо ва ғ. мебошад.
Бо мақсади муолиҷаи А. бемории асосиеро, ки сабаби пайдоиши дард шудааст, табобат кардан лозим. Ҳамчунин аз аналгетикҳо, гармӣ ва марҳамҳо истифода мекунанд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …