Главная / Илм / АРТЕРИЯҲО

АРТЕРИЯҲО

arteriiАРТЕРИЯҲО (Arteria; аз юн. aerterio – нигоҳ доштан), шараён, сурхраг, рагҳое, ки аз дил сар шуда, хунро ба узвҳо ва бофтаҳои бадан мебаранд. Ба воситаи А. хуни тозаи аз оксиген сер (рангаш сурхи равшан аст) ҳаракат мекунад (ғайр аз А.-и шуш, ки онҳо хуни варидиро аз дил ба шуш мебаранд). Силсилаи А. аз А.-и шуш, аорта ва рагчаҳои хурдтарини хунгард (артериола) иборат аст. Рагчаҳои А. ба ҳам пайваст шуда, анастамозҳоро ташкил мекунанд, ки онҳо ҳангоми дар А.-и асосӣ қатъ шудани ҳаракати хун узвҳоро бо хун таъмин месозанд.
А. найчаи ниҳоят чандир буда, девораҳои сеқабата дорад: пардаи берунӣ (адвентитсия), ки вайро бофтаи пайвандӣ ташкил медиҳад; қабати миёна (медиа), ки аз торҳои мушаки суфта ва чандир иборат аст; пардаи дарунӣ (интима), ки онро лояи ҳуҷайраҳои эндотелӣ ба вуҷуд овардааст. А. ба сабаби бисёр чандиру бақувват будани девораҳояш ба фишори калоне, ки аз кашишхӯрии дил пайдо мешавад, тоб меорад.
Дар мавриди осеби эндотелий (бинобар рух намудани илтиҳоб ё атеросклероз) судда (тромб) ҳосил шуда, сӯрохи рагро танг ё умуман руст мекунад. Чунин иллат метавонад боиси сактаи дил, сактаи мағзи сар, эндартериити фарогир ва диг. бемориҳо шавад. Бемориҳои А.: Аневризма, Аортит, Артериитҳо, Атеросклероз, Коронарит, Коронаросклероз, Эндартериит. Ниг. низ Рагҳои хун.
КЛ
Сохтори девораи артерия (А) ва веннаҳо (Б) – и мушакӣ (нақша). I – ҷилди дохилӣ: 1 – эндотелий; 2 – пардаи асосӣ; 3 – қабати зери эндотелий; 4 – пардаи чандири дохилӣ; II – ҷилди мобайнӣ: 5 – миоситҳо; 6 – нахҳои чандир; 7 – нахҳои коллагенӣ; III – ҷилди берунӣ: 8 – пардаи чандири берунӣ; 9 – бофтаи пайвандии нахдор (ковок); 10 – рагҳои хунгард.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …