Главная / Илм / АРОМАТЕРАПИЯ

АРОМАТЕРАПИЯ

21211-ed4_wideАРОМАТЕРАПИЯ (аз юн. aroma – хушбуӣ, накҳат ва терапия), яке аз усулҳои муолиҷа. Бо мақсади А. аз равғанҳои эфирдор истифода мекунанд. Дар табиат зиёда аз 3000 намуди растаниҳо дучор меоянд, ки дар таркиби онҳо равғани эфир мавҷуд аст. Бо мақсади А. фақат 300 намуди онҳо истифода мегардад. Равғани эфир нафақат ба воситаи роҳи нафас, балки ба тавассути пӯст низ таъсири гуворо мерасонад. Молекулаҳои он баъди ба силсилаи хунгард ворид шудан, дар тамоми узву бофтаҳо паҳн мегарданд. Баъзе унсурҳои равғани эфир сохтори гормонҳоро доранд, бинобар ин онҳо ба фаъолияти рӯҳии одам таъсири мусбат мерасонанд. Аз ин лиҳоз А. табъи шахсро болида ва хастагиро бартараф мекунад, ҳофизаро тақвият бахшида, хобро бофароғат месозад. Ғайр аз ин, ҳамаи он равғанҳои эфире, ки дар мавриди А. корбаст мешаванд, хосияти бактерисидӣ ва зиддиилтиҳобӣ доранд.
Самараи А. ба омилҳои гуногун вобаста мебошанд, мас., ба сифати равғани эфир ва интихоби дурусти он, тарзи истифода, хусусияти организм ва ғ. Яке аз усулҳои беҳтарин ва гуворои А. истифодаи обзан (ванна)-ҳои муаттар аст. Онро барои пешгирӣ ва муолиҷаи бисёр бемориҳо кор мефармоянд. Ингалятсияи буғи равғани эфир низ омили беҳсозандаи бисёр иллатҳост. Дар мавриди А. ҳарорати оби ванна бояд 36 – 37°С ва давомоти он 15 дақ. бошад. Ба ваннаи пуроб 8, ваннаи обаш нисф 2 ва ба ванначаи дасту по 4 қатра равғани эфир чакондан лозим. Равғани эфир дар об ҳал намешавад, бинобар ин қабл аз истифода онро дар 100 г эмулгатор – ҷурғот, шир ё саршир маҳлул мекунанд. Қабл аз А. бояд оббозӣ кард. Қабули ваннаро аз 4 – 5 қатра равғани эфир оғоз намуда, тадриҷан адади онро ба 10 – 13 қатра мерасонанд. Даври табобат – 1,5 моҳ.
Масҳи узвҳо бо кремҳое, ки дар таркиб равғани эфир доранд, усули хеле самараноки А. аст. Онҳо ҳаракати хунро беҳтар месозанд (мас., равғани мурч, занҷабил, розмарин), хосияти зиддиилтиҳобӣ доранд (равғани эвкалипт, лаванда, санавбар, чойдарахт, лодан ва ғ.), хастагии баҳориро рафъ менамоянд (равғани фенхел, анҷибар, грейпфрут, лиму, норанҷ, афлесун).
Истифодаи вояи зиёди равғани эфир метавонад боиси сардард ва бад шудани вазъи саломатӣ гардад. А. – усули табобат аст. Аз ин рӯ онро бояд оқилона ва дар мавриди зарурат кор фармуд. Равғани эфири табиӣ боиси пайдоиши аллергия намешавад. Дар сурати майл доштан ба аллергия ба хами оринҷ чанд қатра равғани далхоҳро чаконед. Агар баъди як шаборӯз дар пӯсти оринҷ тағйирот рух надод, пас метавон онро бо мақсади А. истифода бурд. Равғани эфирро дар зарфҳои махсус ва дар ҷойи хушк нигоҳ доштан лозим аст. Дар навиштаҷоти воситаҳои А. бояд 100 фисад равғани эфири табиӣ будани он қайд шуда бошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …