Главная / Илм / АРИТМИЯИ ДИЛ

АРИТМИЯИ ДИЛ

aritmii-serdcaАРИТМИЯИ ДИЛ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва юн. rhythmos – низом), номураттаб кашиш хӯрдан (тапидан)-и дил, ки дар натиҷаи ихтилоли фаъолияти ҷудогонаи он ба амал меояд. Одам, одатан, задани дилашро ҳис намекунад, бинобар ин аз суръати он бехабар аст. А. д. дар номураттабӣ, бозистодан ва таппиши бетартиби он зоҳир мегардад. Бисёр шаклҳои А. д. барои кори дил ва ҳаёти одам чандон хатарнок нестанд. Бо вуҷуди ин дар мавриди пайдоиши нишонаҳои аввалини он ба духтур муроҷиат кардан зарур аст, зеро муоинаи тиббӣ бо истифодаи электрокардиография имкон медиҳад, ки беморӣ ташхис шавад.
А. д. бештар ба вазъи силсилаи ноқили импулс ё асабҳои танзими кори дил вобаста аст. А. д. дар тез ё суст шудани кашишхӯрӣ ва хуруҷҳои тапиши дил, аломати кашишхӯриҳои иловагӣ ва ғ. зоҳир мегардад. А. д. бештар оқибати бемориҳои дил (миокардит, кардиосклероз ва ғ.) мебошад. А. баъзан тағйироти табиии кори дил буда, ҷавобан ба таъсири омилҳои мухталиф, мас., ҳангоми варзиш, давидан, иҷрои кори вазнини ҷисмонӣ ва ғ. ба амал меояд.
Дар ҳолати оромӣ ва фаъолияти мӯътадил набзи одам дар 1 дақ. 60 – 80 маротиба мезанад. Тез задани дилро тахикардия меноманд. Суст гаштани кори дил брадикардия ном дорад. Дар фосилаи нобаробари вақт пайдо шудани импулсҳо аломати аритмияи синусӣ аст. Чунин шакли А. д. бештар ба амали нафаскашӣ вобастагӣ дорад: дар мавриди нафас гирифтан, набз тез ва ҳангоми нафас баровардан, суст мешавад. Ин навъи А. д. муолиҷаи махсус талаб намекунад.
Экстрасистолия ихтилоли низом (ритм)-и дил аст, ки бинобар дар мушаки он ба вуҷуд омадани манбаъҳои иловагии ангезиш (импулси онҳо боиси бармаҳал кашиш хӯрдани дил – экстрасистола мешавад) сар мезанад. Вобаста ба ҷойгирии манбаи ангезиш экстрасистолия ду хел – фавқимеъдачавӣ (пешдилӣ, атриовентрикулӣ) ва меъдачавӣ мешавад. Эксрасистолия дар мавриди серҳаяҷонӣ, бемориҳои дил ва узвҳои дигар, ҳамчунин дар одамони солим ба мушоҳида мерасад. Беморони гирифтори экстрасистолия бояд аз кашидани тамоку, истеъмоли чои талх, кофе, машруботи спиртдор худдорӣ намоянд.
Тахикардияи пароксизмӣ – ногаҳон ва тез шудани кори дил (дар 1 дақ. то 180 – 220 маротиба). Хуруҷи беморӣ аз чанд сония то чанд рӯз давом карда, сипас ногаҳон ҳамон тавр хотима меёбад. Дар натиҷаи тӯл кашидани хуруҷи беморӣ бисёр вақт иллати шадиди дилу рагҳо сар мезанад.
Аритмияи ларзон ихтилоли ритми дил буда, ҳангоми он пешдил пурра кашиш намехӯрад, импулсҳо ба меъдачаҳо бетартиб интиқол меёбанд. Беморӣ дар мавриди кардиосклероз, тиреотоксикоз, миокардит рух менамояд. Аритмияи ларзон метавонад доимӣ бошад ё фақат дар шакли хуруҷҳо ба вуҷуд ояд. Беморӣ ба гардиши хун (хусусан дар вақти беҳад тез шудани ритми дил ё осеби вазнини мушаки меъдачаҳо) таъсири номусоид мерасонад.
Инҳисор (блокада)-и дил – ихтилоли ритм, ки сабаби он халал ёфтани интиқоли импулсҳо аз пешдил ба меъдачаҳо аст. Дар мавриди тарбод, миокардит, кардиомиопатия, кардиосклероз, заҳролудӣ аз дорувор ва ғ. мушоҳида мешавад. Ҳини инҳисори ҷузъӣ фосилаи интиқоли импулсҳо аз пешдил ба меъдачаҳо дароз аст. Дар сурати инҳисори пурра импулсҳо аз гиреҳи синусӣ ба меъдачаҳо рафта намерасанд (онҳо фақат боиси кашиш хӯрдани пешдил мешаванд). Бинобар ин дар меъдачаҳо импулсҳои худӣ (дар 1 дақ. 20 – 40 зарба) ба вуҷуд меоянд (набзи чунин беморон канда-канда аст).
Х. Воҳидов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …