Главная / Илм / АРЕФЛЕКСИЯ

АРЕФЛЕКСИЯ

neyron2-300x232АРЕФЛЕКСИЯ (аз а – ҳиссачаи инкорӣ ва reflexus – инъикос), ба таъсири ангезандаҳо вуҷуд надоштани рефлекс (яъне ҷавоб). А. дар натиҷаи осеби сохторҳои гуногуни системаи асаб ва хароб гаштани фаъолияти ҳуҷайраҳои он ба вуқӯъ мепайвандад. А. метавонад ҳангоми атрофияи возеҳи мушакҳои устухонбандӣ низ ба вуҷуд ояд (ниг. Амиотрофия, Дистрофия). Зери мафҳуми «А.» вуҷуд надоштани ин ё он рефлекс (мас., рефлекси зону дар аснои лоғарӣ) ё гурӯҳи рефлексҳо (мас., рефлексҳои сатҳӣ, ки ҳангоми склероз боиси ангезиши пӯст ва луобпардаҳо мешаванд) дар назар аст. Дар ҳолатҳои мадҳушӣ (ниг. Иғмо) А.-и пурра рух медиҳад, ки кулли рефлексҳо (ҳам рефлексҳои сатҳӣ ва ҳам рефлексҳои амиқ) аз фаъолият мемонанд.
Набудани ин ё рефлекс якҷоя бо аломатҳои дигар барои муқаррар сохтани иллати системаи асаб аҳамияти калон дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …