Главная / Илм / АРЧА

АРЧА

img1bb3АРЧА (Juniperus seravchanica), бурс, маҳинбурс, дарахтест ҳамешасабз. Аз 8 то 25 м қад мекашад. Навдаҳояш сершох, сабзи сиёҳтоб, баъзан кабудранг. Баргҳои пулакчамонанди нештаршакл ё байзашакл, чалғӯзаи калон дорад. Дар нишебии қ.-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Вахш, Боботоғ, Ғозималик ва Сарсарак (800 – 2500 м аз с.б.) мерӯяд.
Хосияти шифобахшии А. ҳанӯз ба Ҷолинус, Абӯалии Сино, Абӯрайҳони Берунӣ ва диг. маълум буд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино хокаи ҷалғӯзаи (абҳали) бо асал омехтаи А. қаросон (гангрена) ва захмҳои фасоддорро шифо мебахшад, густариши захмҳои «хазанда»-ро бозмедорад. Нақеъи ҷалғузаи он ҷанинро меафтонад. Шайхурраис бо ҷалғузаи дар равғани кунҷит ҷӯшонда кариро табобат мекард.
А. растании гармиовар ва бодрон аст. Ҳангоми даридани мушакҳо, дарди сандуқи сина ва сулфа кӯмак мерасонад, қабзияти меъда ва ҷигарро мекушояд, пешоб ва ҳайзро меронад, давои хуби дарди бачадон аст; нақеъи он барои меъда муфид буда, дамиши шикамро рафъ месозад.
Дар тибби халқӣ нақеъи чалғӯзаи А.-ро барои муолиҷаи бемориҳои узвҳои таносул, ҷӯшоби онро ҳангоми бемории зангила, самарашро дар мавриди обхӯра, табларза ва амрози асаб истифода мебаранд. Дар шимоли Тоҷикистон бо сӯзанбаргҳо ва чалғӯзаи А. тарбод, сардард ва фалаҷи дасту поро муолиҷа мекунанд. Ҷӯшоби чалғӯзаи А.-ро зимни дарди гурда, масона, иллатҳои ҷигар, тарбод, ҷӯшоби онро ҳангоми зардпарвин ва чун давои талхарон меошоманд. Ҷӯшоби решаи А. давои захми меъда ва ҷӯшоби пӯстлохаш боҳовар аст. Обзан (ванна)-и аз ҷӯшоби чалғӯза ба шохчаҳои сабзи А. таҳиякарда барои муолиҷаи тарбод нафъ дорад. Бо ҷӯшоби решаи А. илтиҳоби найчаҳои шуш, бемории сил, дарди санги гурда ва амрози пӯстро шифо мебахшанд. Бо мақсади рондани пешоб 2 чумча хокаи чалғӯзаи А.-ро дар як истакон об андохта, 3 соат нигоҳ медоранд ва баъд менӯшанд.
Дар китобҳои табибони қадим омадааст, ки агар самари А.-ро маҳин кӯфта, бо асал хамир карда, ба милки дандон бимоланд, ҷароҳатҳои онро нест мекунад; 35 г самари А.-ро маҳин кӯфта бо 18 г равғани гов ва 18 г асал хамир карда, лесида бихӯранд, барои дамкӯтаҳӣ ва бавосир даво аст; самари А.-ро кӯфта, бо сирко хамир карда, ба ҷойҳои танга – танга мӯйрехтаи сар ва риш бимоланд, мӯй мерӯёнад; барги А.-ро бо анҷир якҷо кӯфта ба узвҳои шахшуда гузошта банданд, онҳоро ба ҳоли аслиашон меорад.
Ад.: Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …