Главная / Гуногун / Ҳаракати касабавӣ дар Англия

Ҳаракати касабавӣ дар Англия

Ташкилёбии ҳизби лейбористӣ. Дар муборизаи худ меҳнаткашони англис воситаи хуб доштанд. Тавассути тред-юнионҳо ба мошинсозҳо муяссар шуд, ки дарозии ҳафтаи кориро то ба 54 соат кам кунанд. Тред-юнионҳо тавонистанд, ки дар интихоботи соли 1874 ду номзади худро ба вакилии парламент гузаронанд.

Дар солҳои 80-ум бӯҳрони иқтисодии пурзӯре ба амал омад. Натиҷаи ҳамин буд, ки моҳи феврали соли 1886 дар Лойдон ва дар шаҳрҳои дигари мамлакат гирдиҳамоиҳои оммавй барпо гардиданд. Соли 1887 гирдиҳамоиҳои ахди заҳмат боз ҳам вусьат ёфтанд.

13 ноябри соли 1887 барои пароканда кардани гирдиҳамоие, ки дар майдони Трафалгари Лондон барпо шуда буд, политсия ба кор бурда шуд. Соли 1889 киштисозҳо ва коргарони заводҳои газ корпартой карданд. Ба онҳо муяссар шуд, ки ба иҷрои баъзе талабҳои худ ноил шаванд. Соҳибкорон рӯзи кории газистеҳсолкунандагонро то ба 8 соат кам карданд. Коргарон дар ин солҳо чандин созмонҳои худро ташкил намуданд, ба монанди “Лигаи намояндагии коргарй”, “Кумитаи кооперативии миллӣ” ва “Тред-юнионхо”. Онҳо Баҳри ҳифзи ҳуқуқхои коргарон фаъолият мекарданд.

Дар аввали асри XX аҳволи иҷтимоии коргарон ва табақаҳои дигари меҳнаткашон бадтар шуд. Аз соли 1890 то соли 1912 нархи наво муттасил баланд мешуд. Қурби фунт-стерлинг то ба 19 фоиз поён фаромад. Аҳволи коргаронро бекорй боз ҳам вазнинтар кард. Дар байни коргарони баландихтисос бекорон 4,9 фоизро ташкил мекарданд.

Барои паст гардидани шиддати ҳаракати корпартой сармоядорон ҳаракат мекарданд, ки чораҳои таъсирбахш ёбанд. Чунин лаҳза барои онҳо фаро расид. Дар узлей ҷанубй ширкати роҳи оҳан тавассути додгоҳ аз тред-юнионҳо талаб кард, ки зарари аз корпартоии коргарон дидаи ширкатро ҷуброн кунанд. Додгоҳ талаби ин ширкатро қонеъ гардонид. Тред-юнионҳо ба парламент муроҷиат карданд, вале дар он ҷо ҳам масъала ба фоидаи соҳибони ширкати роҳи оҳан ҳал гардид. Хазинаи иттифоқҳои касаба холй щуд. Минбаъд бар зидди соҳибкорон тавассути тред-юнионҳо мубориза бурдан амри маҳол шуд, чунки баъди ҳар корпартой соҳибкорон аз онҳо ҷарима мерӯёниданд.

Соли 1900 конференсияи махсуси тред-юнионҳо қарор қабул кард, ки Кумитаи намояндагии коргарй ташкил карда шавад. Ба он тред-юнионхо, ҳизби озоди коргарй, федератсияи сотсиал-демократӣ ва созмонҳои дигари меҳнаткашон дохил шуданд. Соли 1905 Кумита номи Ҳизби Лейбористиро гирифт. Ин ҳизб дар байни меҳнаткашон бо тезй обрӯи калон пайдо кард. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар интихоботи соли 1906 ба ин ҳизб муяссар шуд, ки 29 номзади худро соҳиби ваколатномаҳои вакилии парламент гардонад. Бо ҳамин фаъолияти ҳизби нави сиёсии Англия cap шуд. Акнун дар Англия барон ҳокимияти давлатй се ҳизби сиёсӣ мубориза мебурд – ҳизби консерваторй, ҳизби либералй ва ҳизби лейбористй.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …