Главная / Ҷуғрофия / ҲАРАКАТИ ҚИШРИ ЗАМИН

ҲАРАКАТИ ҚИШРИ ЗАМИН

Ба тарзи гуногун хобидани ҷинсҳои кӯхӣ. Сатҳи қишри Замин аз ҳамворихо, теппаҳо, кӯҳҳо, водиҳои дарёҳо, фурӯхамидагаҳо иборат аст. Инҳо шаклҳои гуногуни релеф мебошанд. Қабатҳои ҷинсҳои кӯҳӣ бошанд, ба шакли онҳо мувофиқ хобидаанд.

Онро аз рӯи расм фаҳмидан мумкин аст. Дар ҳамворӣ ба таври уфуқӣ (хобиши ҳамворй), дар теппаҳо барҷаста, дар фурӯхамидагиҳо пасту баланд (як қисми қабатҳо ба поён ва қисми дигари онҳо ба боло баромадаанд), дар кӯҳҳо ба ҷинсҳои фишурдашуда табдил ёфта, лагжиш ва ҷойивазкунии як қабат нисбат ба қабати дигар мушоҳида мешавад.

Дар табиат ба тарзи гуногун хобидаии қабати ҷинсҳои кӯҳиро дар соҳили дарёҳо, доманаи кӯҳҳо, теппаҳо ва ҳангоми кофтани чоҳҳо дидан мумкин аст. Аз ин ба хулосае меоем, ки дар сатҳи Замин қабатҳои ҷинсҳои кӯҳй ба тариқи гуногун хобидаанд. Сабаби чунин гуногунӣ мунтазам ҳаракат кардани қишри Замин мебошад. Дар натиҷаи он чокҳо, таркишҳо, бардошташавӣ. фурӯравй, чиндоршавии ҷинсҳои кӯҳӣ ба амал меояд. Ҳаракати қишри Замин ду хел мешавад: амудӣ (вертикалй) ва уфуқӣ (горизонталй).

Онҳо бо хусусиятҳои худ аз якдигар фарқ мекунанд. Ба харакати амудй якбора бардошташавӣ ва якбора фурӯравй хос аст. Дар натиҷаи ин ҳаракат хобиши ибтидоии қабатҳо ба таври ҷиддӣ тағйир намеёбад, вале масоҳати зиёдро фаро мегирад.

Ҳаракати уфуқӣ нисбат ба ҳаракати амудӣ босуръат мегузарад. Дар натиҷа чокиқавй, кандашавӣ ва чиндоршавии қабатҳо ба амал меояд. Хобиши ибтидоии қабатҳо ба куллӣ тағйир меёбад. Вале доираи ҳаракати амалиёти уфуқӣ маҳдуд мебошад. Он ба монанди ҳаракати амудӣ масоҳати васеъро дар бар намегирад. Ҳаракати қишри Замин бссабаб намешавад.

Сабаби асосии он ҳодисаҳое (баландшавии харорат, гудохташавӣ ва табдилёбии моддаҳо) мебошанд, ки дар дохили Замин ба амал меоянд. Он ҳодисаҳо ба ҳама қисми қишри Замин як хел таъсир намекунанд. Таъсири онҳо  дар кисми устувори қишри Замин суст, дар қисми ноустувори он (серҳаракат) бештар мебошад.

Ҳаракати сусти амудӣ. Чунин ҳаракат на фақат дар давраҳои гузашта, балки дар замони мо ҳам ба амал меояд. Дар натиҷаи он як қисми қишри Замин оҳиста баланд, қисми дигари он оҳиста фурӯ меравад. Дар соҳили баҳрҳо ин ҳодисаро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар аввали асри XVIII маълум буд, ки шаҳрҳои бандарин

Шветсия, ки дар соҳили Баҳри Балтика воқеъ гардида буданд, ҳоло дар натиҷаи бардошта шудани хушкӣ аз соҳил даҳҳо километр дур шудаанд. Ба Ҳолландия ва давлатҳои ба он ҳамсоя, ки дар соҳили ҷанубии Бахри Шимолӣ ҷойгир шудаанд, чанд аср аст, ки оби баҳр таҳдид мекунад. Барои заминҳоро аз таҳдиди доимии оби баҳр муҳофизат намудан аҳолй кал- қади соҳили баҳр девору дарготҳо сохтааст. Аз сабаби он ки фурӯхамии қишри Замин холо ҳам давом дорад, девору дарғотҳоро баланд мекунанд. Фурӯхамми қишри Замин дар соҳили шимолии Баҳри Миёназамин низ ба мушохида мерасад. Тақрибан 2000 сол пеш дар соҳили Халиҷи Неапол (наздикии шаҳри Неапол) ибодатхона сохта буданд. Он дар натиҷаи хамидани қишри Замин дар асри XIII зери об монд ва ин ҳолаг то асри XVI давом кард.

Фақат дар аввали асри XIX баробари бардошта шудани қишри Замиш ибодатхона қариб пурра аз зери об баромад. Дар аввали солҳои 60-уми асри XX дар натиҷаи аз нав хамидани қишри Замин сутунҳои ибодатхона 2,5 Mетр ба об фурӯ рафтанд, ки он ҳозир ҳам давом дорад. Ин ҳодиса нишон медиҳад, ки дар як қитьаи қишри Замин дар вақтҳои гуногун фурӯхамӣ ва бардошташавӣ рух медиҳад.

Ҳаракати сусти амудин қишри Заминро аз суфаҳои соҳили баҳрҳо низ муайян кардан мумкин аст. Суфаҳои соҳили Баҳри Сиёҳ ва Баҳри Каспий (доманаи қаторкӯҳҳои Қафқоз) аз 20 то 160 метр бардошта шудаанд. Чунин суфаҳо дар соҳили Атлантикаи нимҷазираи Скандинавия аз сатҳи баҳр дар баландии аз 100-150 то 200 метр воқеъ гардидаанд. Аз қабати ҷисҳои таҳшинии суфаҳо боқимондаи организмхои баҳриро ёфтаанд, ки аз бардошта шудани суфаҳои соҳилй гувоҳӣ медиҳанд.

Дар бисёр ноҳияҳои ҳамвори сатҳи хушкӣ ҷинсҳои кӯҳӣ қабат-қабат, пай дар ҳам хобидаанд. Омӯзиши таркиби онҳо нишон дод, ки дар гузашта он қабатҳо дар вақтхои гуногун дар зери оби баҳр таҳшин шудаанд. Баъд дар натиҷаи бардошташавии амудии қишри Замин аз зери оби баҳр озод шуда, ба хушкӣ табдил ёфтаанд. Масалан, дар натиҷаи омӯзишн қабатҳои ҷинсҳои кӯҳии таҳшинй дар қаламрави назди Москва ва мавзеъҳои дигари атрофи он муқаррар карда шуд, ки дар он ҷойҳо ҷинсҳои кӯхии таҳшинӣ бо тартиб қабат- Қабат хобидаанд ва аз peг, гил, оҳаксанг иборт мебошанд, ки дар қаъри баҳр ҳосил шудаанд. Дар қабати онҳо бокимондахои ҳайвоноти баҳрӣ ёфт шудаанд, ки зиёда аз 150 млн. сол пеш аз ин хаёт ба cap мебурданд. Он тақрибан 70 млн. сол муқаддам ба хушкӣ табдил ёфтааст. Ҳоло бошад он ҳар сол 2-4 мм паст шуда истодааст. Кӯҳҳо (кӯҳҳои ҷавон), ки дар минтақаи нисбатан серҳаракати Замин воқеъ гардидаанд, суръати Ҳаракати амудии (бардошташавии) онҳо  зиёд аст. Онҳо  дар як сол якчанд сантиметр баланд мевазанд.

Омӯхтани ҳаракати сусти амудии қишри Замин аҳамияти амалӣ дорад. Он аз ҷумла дар кофтукови сарватҳои зеризаминӣ мадад мерасонад.

Ҳаракати уфуқии қишри Замин. Ин намуди ҳаракати қишри Замин ба монанди ҳаракати амудии қишри Замин суст мсгузарад. Аммо ин ҳаракатҳо дар шаклҳои гуногун зоҳир мегарданд. Геологҳо ду намуди ҳаракатҳои уфуқии қишри Заминро фарқ мекунанд: чинкунанда ва поракунанда. Агар ҳаракатҳои уфуқӣ истиқболй (аз ду тараф) бошанд, дар натиҷа чинҳои мавҷнок ҳосил мешаванд. Ҳангоми чиншавӣ қабатҳо ба фишор тоб наоварда, канда мешаванд. Дар ҷойҳои кандашуда таркишҳо ба вуҷуд меоянд. Онҳо чинҳои алоҳида ва гурӯҳи чинҳоро аз якдигар ҷудо мекунанд. Чинҳо бо дарозӣ, баландӣ ва вусъати худ аз якдигар фарқ мекунанд. Arap харакати уфуқӣ ба самтҳои гуногун паҳн шавад, қишри Замин пора гардида, дар он чокҳо ва сӯрохиҳои хурду калон пайдо мешаванд. Онҳо дар сурате ба вуҷуд меоянд, ки aгap як қисми маҳал фурӯ хамида, қисми дигари он бардошта шавад. Масалан, кӯли Байкал дар махали фурӯхамида вокеъ гардидааст. Баъзан чунин ҳодиса рух медиҳад, ки як қисми қишри Замин нисбат ба қисми дигараш бардошта мешавад ё он аз болои қисми дигари он лағжида мегузарад.

Омӯхтани ҳаракатҳои уфуқии қишри Замин аҳамияти калон дорад, чунки онҳо ба ҳосилшавии бисёр намудҳои сарватҳои зеризаминӣ таъсир мерасонанд. Масалан, дар он маҳалҳое, ки ҷинсҳои кӯҳй қабат-қабат пай дар ҳам хобида. ба чин табдил ёфтаанд, барои ғуншавии нефт ва газ шароити мусоид фароҳам меояд.

Заминҷунбӣ. Ҳама гуна ҷунбишҳои табииеро, ки дар ин ё он қисми қишри Замин ба амал меоявд, заминҷунбӣ ё зилзила меноманд. Аммо шиддатн зилзила на ҳама вакт як хел мешавад. Дар баъзе ҳолатҳо зилзила чунон охиста мешавад, ки онро одам ҳис намекунад. Баробари ин дар қисмҳои алоҳидаи қишри Замин зилзилаҳое рух медиҳанд, ки дар натиҷаи таконҳои онҳо  қабати Замин пасту баланд шуда, тарқишхо ба вуҷуд меоянд ва кад-қади онҳо қабатҳои калони қишри Замин ба таври амудӣ ё уфуқӣ ҷой иваз мекунанд. Дар рӯи Замин лағжиш, фурӯравии кӯҳҳо ба амал меояд. Муқаррар кардаанд, ки ба ҳисоби миёна дар як сол як бор зилзилаи халокатовар, 100 бор харобиовар ва зиёда аз як миллион зилзилаи хисшаванда (бидуни зилзилаҳое, ки дар укёнусҳо мешаванд) рух медиҳанд.

Заминҷунбие, ки 21 маи соли I960 дар Чили рух дод, кисми ҷанубии мамлакатро ба ларза овард. Таконҳои он шаҳру деҳот, роҳҳо, хатҳои алоқа, ноқилҳои қувваи барқ, бандарҳои баҳрӣ, кӯпрукҳоро хароб карданд. Вулқонҳои хомӯш оташфишон шуданд, кӯҳҳо фурӯ ғалтида, маҷрои дарёҳоро бастанд. Гудозае, ки аз танӯраи вулқон берун меомад, тамоми мавҷудотро дар рафти ҷараёни худ месӯзонд.

Савол ва супориш

  1. Қабатҳои ҷинсҳои кӯҳй дар сатҳи Замин чӣ тавр хобидаанд?
  2. Сабаби ба тарзи гуногун хобидаии қабатҳои ҷинсҳои кӯҳй чист?
  3. Намудҳои асосии ҳаракати қишри Заминро номбар кунед.
  4. Ҳаракати сусти қишри Замин ба чй вобаста аст?
  5. Дар маҳали шумо ҳаракати қишри Заминро аз рӯи кадом аломатҳо мушоҳида кардан мумкин аст?
  6. Чанд намуди ҳаракати уфуқии қишри Заминро медонед?

Инчунин кобед

sol-mertvogo-morya

ХОНДАНИ НАҚШАИ МАҲАЛ ВА ХАРИТАИ ГЕОГРАФӢ

Шумо медонед, ки нақшаи маҳал ва харита намунаи хурдкардаи сатҳи Замин мебошанд. Онҳо аз якдигар …