Главная / Гуногун / Ҳаракати ҷамъиятӣ дар ИМА

Ҳаракати ҷамъиятӣ дар ИМА

Вазъи зиндагии заҳматкашон дар ИМА нисбат ба дигар мамлакатҳои тараққикарда беҳтар буд. Вале гузариш ба сармоядории инҳисорӣ истисмори аҳли меҳнатро дар ин мамлакат зиёдтар кард. Ба ин кори инҳисорҳо мардуми меҳнаткаш эътироз баён менамуд. Бо мақсади талаб кардани риояи қонунҳо корпартоӣ мекарданд. Ҳаракати корпартоӣ хусусан дар миёнаи солҳои 80-уми асри XIX вусъат ёфт. Дар корпартоии 1 майи соли 1886 зиёда аз 350 ҳазор нафар мардуми табақаҳои гуногуни меҳнаткашон иштирок карданд. Корпартоӣ алалхусус дар яке аз шаҳрҳои саноатии калони ИМА – Чикаго вазъи тезу тундро гирифт.

3 маӣ, ҳангоми гирдиҳамоии осоишта, политсия бар зидди корпартофтагони бесилоҳ оташ кушод. Дар натиҷаи ин 5 нафар ҳалок ва чандин нафари дигар захмдор шуданд. Рӯзи дигар, ҳангоми гирдиҳамоии оммавии осоиштаи эътирозӣ, дар гулгашти Хаймаркет иғвогаре ба тарафи политсия гулӯла партофт. Барои ин амал ҳукуматдорон пешвоёни ҳаракати корпартоӣ Персон, Фишер, Энгел ва Шпсйсро муттаҳам карда, ба дор овехтанд.

File written by Adobe Photoshop¨ 5.0

Солҳои 90-ум ҳаракати корпартоӣ кам нашуд. Соли 1892 корпартоии оммавӣ коргарону муҳандисони заводҳои маъданкоркунии Корнеги ва Гомстедро фаро гирифт.

Соли 1881 *штмфоклои касаба (ИМА) – “Федератсияи Америкавии меҳнат” ташкил ёфт. Асосгузори ФАМ Гомперс буд. Ӯ дар зарфи 42 сол бетанаффус ба ин ҳаракат роҳбарӣ кардааст.

Фермерҳо созмонҳои худро бо номи “грейчерҳо” (“мулк” – “ферма”) ва “гринбекерҳо” (“пушти сабз” – пушти коғази пули доллар дар назар дошта шудааст) ташкил карданд. Ин созмонҳо муҳофизаткунандагони боэътимоди сохти фермерии кишоварзии ИМА гардиданд.

Соли 1897 Ҳизби Сотсиалистӣ ташкил ёфт. Он дар байни як қисми заҳматкашон ва баъзе табақаҳои дигари аҳолӣ обрӯй пайдо кард. Ҳизби Сотсиалистӣ 13 рӯзнома ва даҳҳо маҷаллаҳоро чоп мекард. Номзади ин ҳизб дар интихоботи соли 1912 қариб 1 млн овоз гирифт. Соли 1901 як қисми аъзоёни Ҳизби Сотсиалистӣ аз ҳизби худ баромада, бо ҳамроҳии сотсиалистони дигар ҳизби нави сотсиалистӣ ташкил карданд. Ғайр аз ин созмонҳои дигари сотсиалистию коргарӣ, ба монанди “ Коргарони индустриалии ҷаҳон”, “Лигаи зидди империалистӣ”, “Иттифоқи фермерҳо”, “Ҷамъияти америкавии адолат” ва ғайра ба вуҷуд омаданд. Ҳамаи онҳо дар ҳифзи ҳуқуқҳои заҳматкашон ва демократикунонии ҷомеъаи ИМА саҳми худро мегузоштанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …