Главная / Илм / АРАҚ

АРАҚ

320px-wodkaflaschenАРАҚ, нӯшокии спиртдор; омехтаи спирт ва об. А.-ро аз ҷавдор, гандум ва ҷав мекашанд. Барои тайёр кардани А. омехтаи спирт ва об аз қабати ангишти фаъол гузаронида мешавад. А. метавонад аз 40, 50, 56 фоизи ҳаҷми спирт иборат бошад. Ба А. қиёмҳои гуногун низ ҳамроҳ менамоянд. Баъзе анвои А.-ро бо роҳи буғронии моеъҳои ширини туршшуда тайёр мекунанд, мас., аз шираи ангур майи ангур ва аз шираи олуболу майи олуболу ва ғ. Дар заводу корхонаҳои шаробкашии Тоҷикистон навъҳои гуногуни А., чунончи «Шоҳона», «Тоҷикистон», «Душанбе», «Фондарё», «Сим-сим», «Арақи суғдӣ», «Арақи Хайём», «Русская водка», «Белая берёза» ва ғ. истеҳсол карда мешаванд. Ниг. низ Май, Майкашӣ, Майзадагӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …