Главная / Гуногун / АВЛОД ВА ОИЛАИ ПАЁМБАР МУҲАММАД (САВ) Таърих – биография

АВЛОД ВА ОИЛАИ ПАЁМБАР МУҲАММАД (САВ) Таърих – биография

Қурайшиҳо асосан дар шаҳри Макка истиқомат доштанд ва хидмати Каъба, ки барои ҳамаи қабилаҳои араб хонаи муқаддас буд, дар дасти онҳо буд. Каъба дар маркази шаҳр воқеъ буд ва хонаҳои мардуми Макка дар атрофи он қарор доштанд. Хонаҳои қабилаи Қурайш, ки аз намояндагони қабилаҳои дигар ба мартабаю эҳтиром баландтар дониста мешуданд, дар наздиктари Каъба ҷой доштанд. Баъди хонаҳои қурайшиҳо, мувофиқи мартаба, хонаҳои дигарон ҷой мегирифтанд. Дар атрофи шаҳр бенавоёну бечорагону муздурон зиндагони мекарданд.

arabho

Ҳар қабилаи араб, аз ҷумлаи шахсони бонуфузу соҳибэҳтиром, барои худ сарвар интихоб мекарданд. Ҳанўз то зуҳури ислом сарвари қабилаи қурайшиҳо Ҳошим буд. Ҳошим нигохубини хонаи Каъбаро низ ба ўҳда дошт. Ў шахси сарватманде буд, ғайр аз он вай қавми худро водор кард, ки қисме аз моли худро барои меҳмондории ҳоҷиён бипардозанд. Ашхосе, ки ба зиёрати Каъба меомаданд, меҳмони худо дониста мешуданд ва Ҳошим тамоми ҳочиёнро, ки ба Макка меомаданд, бо хўрок таъмин менамуд.

Баъд аз вафоти Ҳошим идораи Каъба дар ихтиёри авлоди ў боқи монд, зеро бо накукорию саховати хеш дар байни аҳолии Макка обрўю эътибори бузург пайдо карда буд. Ҳамин тариқ, баъд аз вафоти Ҳошим сарвари қабила ва хонаи Каъба ба писари ў Абдулмутталиб насиб гардид.

Абдулмутталиб даҳ, фарзанд дошт ва аз ҳама бештар ба писари хурди Абдуллоҳ меҳр дошт. Абдуллоҳ, ҷавони зебову хушқиёфа ва бо одобу хушрафтор буд. Ў бо хоксорию хушфеълӣ маҳбуби мардуми Макка гардида буд.

Вақте ки Абдулмутталиб ҳафтодсола буд, сини Абдуллоҳ ба бисту чор расида буд ва падар хост ўро хонадор кунад. Абдулмутталиб Омина, духтари Ваҳбро, ки яке шайхони мўътабари араб буд, хостгорӣ кард ва бо розигии тарафайн никоҳ, карданд. Баъд аз издивоҷ бо Омина Абдуллоҳ фаъолияти тиҷоратиашро идома дод. Дар яке аз сафарҳояш ба Мадина бемор шуда, вафот мекунад. Омина, ки ҳомиладор буд, бе-парастор мемонад.

Аз Абдуллоҳ ба Омина панҷ шутур, як рама гўсфанд ва як каниз мерос боқӣ монд.

Баъд аз 2 моҳи вафоти Абдуллоҳ, 27 августи соли 570 мелодӣ Омина писар таваллуд кард. Абдулмутталиб аз шунидани ин хабар хурсанд шуд. Вай назди Омина рафт ва набераи навзодашро гирифта ба хонаи Каъба бурд ва ўро Муҳаммад ном гузошт. Рўзи ҳафтуми таваллуд Абдулмутталиб уштуреро кушта, зиёфат дод.

Дар ибтидо Омина худаш ўро шир медод ва парасторӣ мекард, чунончи қайд гардид, ҳазрати Муҳаммад ба дунё ятим омад, бинобар ин бобояш Абдулмутталиб тарбияти набераашро ба ўҳдаи худ гирифт. Дар байни ашрофи Макка расме буд, ки кўдаки навзодро барои ширхорӣ ва тарбия ба кабилаҳои саҳроӣ месупориданд. Абдулмутталиб ҳам барои нигоҳ, доштани он одат Мухаммад /а/-ро ба Ҳалима ном доя дода, барои тарбия ба саҳро фиристод.

Ҳалима ўро шир медод ва духтараш Шаймо ўро парасторӣ мекард. Ҳавои саҳрову зиндагии соддаи биёбон ба нашъунамои ҷисмонӣ ва саломатиаш таьсири хуб расониданд. Ҳалима ба ҳамсоягон мегуфт, ки аз он рўзе ин кўдакро ба тарбия гирифтааст, корҳои рўзгораш баракат ёфтаасту зиндагониашон орому хурсандона мегузарад.

Ба ҳамин ҳол Муҳаммад /а/ то панҷсолагӣ дар оилаи Ҳалима зиндагӣ мекард. Фазои озоду ҳавои покизаи саҳро ҷисми ўро қавӣ сохт. Муносибат ва иртиботи доими бо одамони оддию меҳнатӣ ба феълу рафтори ў таъсири хуб гузоштанд, забони фасеҳи арабиро аз мардуми меҳнатӣ омўхт. Солҳое, ки ў дар байни ин мардуми заҳматкаши саҳроӣ гузаронида буд, ба феълу рафтори вай нақши мусбат гузоштанд.

Баъд аз ба камол расидану соҳиби мартаба шуданаш ҳазрати Мухаммад /а/ дояаш Ҳалима ва фарзандони ўро ба некӣ ёд мекарду ба онхо ёрӣ мерасонд. Баъди панҷ сол Муҳаммад ба назди модараш баргашт. Бобояш Абдулмутталиб, ки ҳанўз сарвари қабилаи Қурайш буд, тарбияи ояндаи ўро пурра ба зиммаи худ гирифт. Абдулмутталиб, аз фарзандони худ дида Муҳаммадро бештар дўст медошт. Ҳар гоҳ, ки фарзандон дар атроф ҷамъ мешуданд, Муҳаммадро дар паҳлўи худ шинонда, ба ў меҳрубонӣ мекард.

Баъд аз муддате Омина хост писарашро ба Мадина бурда, ба хешу ақрабояш шинос кунад. бо ҳамин мақсад онҳо ба Мадина сафар карданд. Вақте ба Мадина расиданд, Муҳаммад хонаеро, ки падараш дар он ҷо вафот карда буд, дид ва турбати падарашро зиёрат кард. Онҳо як моҳ, дар Мадина меҳмон шуданд ва боз ба ҷониби Макка равон шуданд. Дар аснои баргаштан дар Абво модараш бемор шуд, баъд аз муддате вафот ёфт. Оминаро ҳам дар Мадина ба хок супориданд. Муҳаммад ба дили пурдарду чашми гирён ба Макка баргашт. Дасти тақдир бори дигар ўро ятим кард ва ранҷу бекасии ятимиро бештар эҳсос мекард.

Ин ҳодиса вайро дар назди бобояш боз ҳам азизтар кард. Бо вуҷуди ин давраи ятимӣ дар хотири Муҳаммад абадӣ нақш баст. Аз ин ҷост, ки Муҳаммад дар «Ҳадисҳо» оид ба ғамхорӣ дар ҳаққи ятимон суханони зиёде гуфтааст. Аз ҷумла дар ҳадисе оварда шудааст, ки «Ҳар кассе, ки сари ятимро сила кунад ва хотири ўро шод намояд, худованди таъоло аз ў розӣ мегардад». Худи Муҳаммад ҳам ин амалро ҳеҷ гоҳ фаромўш намекард, дар ҳаққи ятимон ва дармондагон некии хешро дареғ намедошт.

Аммо Муҳаммадро боз фоҷиаи дигаре пеш омад. Дар сини ҳаштодсолагӣ бобояш Абдулмуталлиб вофот мекунад. Дар он вақт Муҳаммад ҳаштсола шуда буд. Муҳаммад аз марги бобояш бисёр ғамгин гашта буд ва дунболи ҷаноза то оромгоҳи охиринаш гиря карда рафт. Симои неки бобояш, ҳамчун марди саховатманд, фозилу накўкор дар хотираи ў нақш баст.

Супориш ва саволҳо.

  1. Дар бораи Муҳаммад пайғамбар кадолм қиссаҳоро медонед?
  2. Кадом китобҳои дини исломро медонед

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …