Главная / Илм / АПАТИЯ

АПАТИЯ

appatiyaАПАТИЯ (аз юн. apatheia – бетаваҷҷӯҳӣ), бетафовутӣ, бетарафӣ нисбат ба атрофиён. Ҳолати маризиест, ки дар мавриди он шахс нисбат ба ҳама гуна амалиёту воқеаҳо бетафовут ва беэътино мешавад (фалаҷи эҳсосот). Бисёр вақт А. бо амбулия (зафъи умумии фаъолияти рӯҳӣ) ҷӯр мегардад. Чунин беморон камҳаракат, камгап, беташаббус ва берағбат мебошанд. Алоими апатия-амбулиявӣ ҳангоми баъзе бемориҳои рӯҳӣ ва ихтилоли фаъолияти силсилаи асаб ба мушоҳида мерасад. Барои муолиҷаи А. бояд сабабҳое, ки онро ба вуҷуд овардаанд, бартараф карда шаванд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …