Главная / Илм / АОРТИТ

АОРТИТ

aortit-sifiliticheskij-simptomyАОРТИТ, илтиҳоби девораи аорта. А. шадид, зершадид ва музмин мешавад. А.-и шадид дар мавриди бемориҳои шадиди сироятӣ ё ягон осеб инкишоф меёбад. А.-и музмин дар заминаи А.-и шадид, бемориҳои сироятии музмин, хусусан, сифилис, тарбод сар мезанад. А. бештар оризаи сифилис аст. Ҳангоми А. асосан аортаи болорав осеб меёбад. Дар натиҷа аневризма ё ногузароии рагҳои иклилӣ ба вуқӯъ мепайвандад. Бинобар фишор овардан ба узву бофтаҳои ҳамшафат ё бо хун пурра таъмин нашудани дил, сандуқи сина ба дард медарояд. Бо мақсади пешгирии А. бемориҳоеро, ки сабаби пайдоиши он мешаванд, табобат кардан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …