Главная / Маданият ва санъат / АНВОЪИ ҚОФИЯ БО ҲУРУФИ ХУРУҶ, МАЗИД ВА НОЙИРА

АНВОЪИ ҚОФИЯ БО ҲУРУФИ ХУРУҶ, МАЗИД ВА НОЙИРА

Донишмандони илми қофия вобаста ба иштироки ҳарфҳо, ҳаракатҳои қофия ва мавқеъи ҳарфи равӣ 25 навъи қофияи пурбаҳоро ҷудо кардаанд, ки дар шеъри шоирони гузашта ва имрӯзаи форс – тоҷик мавриди истифода қарор гирифтаанд. Мо дар дарси гузашта даҳ навъи қофияи пурбаҳоро бо мисолҳои шеърӣ шарҳ додем. Ҳоло понздаҳ навъи онро пешкаши шумо менамоем:

qofiya

  1. Қофияи мутлақ бо хурӯҷ, яъне қофияе, ки дар решаи он равии мутлақ, васл, хурӯҷ ва боз ҳаракате аз кабили тавҷеҳ ва маҷро омадааст (мисли: «б а р в а р е м» ва а р ъ а р е м»). Мисол:

Мазан бо сипоҳе зи худ бештар,

Ки натвон зад ангушт бар нештар. (Саъдӣ) Мисоли дигар:

Бо ту ба ҷуз роҳи ҳаво наспарем,

Ҷуз ба ғараз рӯи туро нангарем. (Ҷомӣ)

Дар калимаҳои қофияи байти якум ҷузви «-ештар» решаи қофия буда, ҳарфи «е» ридфи муфрад ё аслӣ, ҳарфи «ш» равии мутлақ, ҳарфи «т» васл, садоноки кӯтоҳи «а» нафоз, ҳарфи «р» хурӯҷ аст. Дар байти дуюм ҷузви «-арем» решаи қофия, садоноки кӯтоҳи «а» тавҷеҳ, ҳарфи «р» равии мутлақ, ҳарфи «е» васл, ҳарфи «м» хурӯҷ мебошад.

  1. Қофияи мутлақ бо қайд ва хурӯҷ, яъне қофияе, ки дар решааш ҳаракати ҳазв, ҳарфи қайд, равии мутлақ, васл ва хурӯҷ мавҷуд аст (мисли: «пайвастанд»-у «бастанд»). Мисол:

Чу ҳастандат ҳама поинпарастон,

Забардастӣ макун бар зерДастон. (Амир Хусрав).

Мисоли дигар:

Тавони бетавонон ҳаст чандон,

Ки печад сахт дасти зӯрманДон. (Ҷомӣ).

Дар байти аввал ҷузви «-астон» ва дар байти сонӣ ҷузви «-андон» решаи қофия буда, дар решаи қофияи аввал садоноки «а» ҳазв, ҳарфи «с» қайд, ҳарфи «т» равии мутлақ, ҳарфи «о» васл, ҳарфи «н» хурӯҷ; дар решаи қофияи сонӣ садоноки кӯтоҳи «а» ҳазв, ҳарфи «н» қайд, ҳарфи «д» равии мутлақ, ҳарфи «о» васл ва ҳарфи «н» хурӯҷ мебошад.

  1. Қофияи мутлақ бо ридфи муфрад ё аслӣ ва хурӯҷ, яъне қофияе, ки дар решаи он ридфи муфрад, равии мутлақ, тавҷеҳ, васл, хурӯҷ бошад (мисли: «н и ҳ о д а н д» ва «к у- ш о д а н д»). Мисол:

Аз ғамаш то чанд ояд бар дилам беДоДҳо

В-аз лабам фаввора хезад шӯълаи фарёДҳо. (Шӯхии Хӯҷандӣ) Мисоли дигар:

Нафрин кунам зи дард фиоли замонаро,

К-ӯ кибр доду мартабат ин куфшонаро[1] .(Шокири Бухороӣ)

Калимаҳои «бедодҳо»-ю «фарёдҳо»-и байти Шӯхии Хуҷандӣ ва калимаҳои «замонаро»-ю «қуфшонаро»-и байти Шокири Бухороӣ бо ҳам қофия шудаанд. Дар решаи қофияи байти якум «-одҳо» ҳарфи «о» ридфи муфрад, ҳарфи «д» равии мутлақ, ҳарфи «ҳ» васл, ҳарфи «о» хурӯҷ дар решаи қофияи байти дуюм «-онаро» ҳарфи «о» ридфи муфрад, ҳарфи «н» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро, ҳарфи «р» васл, ҳарфи «о» хурӯҷ аст.

  1. Қофияи мутлақ бо ридфи мураккаб ва хурӯҷ, яъне қофияе, ки дар решаи он р и д ф и м у ф р а д ё а с л ӣ, р и д ф и м у р а к к а б ё з о и д, р а в и и м у т л а қ, м а ҷ- р о, в а с л в а х у р ӯ ҷ омада бошад (мисли: «б и н в о х т а н д» ва «м е б е х т а н д). Мисол:

Бузургон нишастанд, хон хостанд,

Бихурданду маҷлис биоростанД. (Саъдӣ)

Мисоли дигар:

Зи пеши шаҳаншоҳ бархостанД,

Забонро ба нафрин биоростанд. (Фирдавсӣ)

Дар ҳарду байт ҷузви «-останд» решаи қофия буда, ҳарфи «о» ридфи муфрад ё аслӣ, ҳарфи «с» ридфи мураккаб ё зоид, ҳарфи «т» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» тавҷеҳ, ҳарфи «н» васл, ҳарфи «д» хурӯҷ аст.

  1. Қофияи мутлақ бо таъсис, дахил ва хурӯҷ, яъне қофияе,ки дар решаи қофияи он ҳарфи таъсис, ҳарфи дахил, ҳаракати ишбоъ, ҳарфи равии мутлақ, ҳаракати тавҷеҳ, ҳарфи васл, ҳарфи хурӯҷ омада бошад (мисли: «з о л и м а с т» ва «о л и м а с т») . Мисол:

Ай ки атфол ба гаҳвора дарун аз ситамат,

Сур нодида биҷӯянд ҳаме мотамро.

Қафасе шуд зи ту олам ба ҳама оламиён, Ин-т заҳмат зи вуҷуди ту бани Одамро. Ваҳ,ки то рӯзи қиёмат пайи олоиши мулк Тоҳире аз ту наҷистар набувад оламро. (Саноӣ)

Дар ин байтҳо ҷузви «-отамро» («одамро» ва «оламро») решаи қофия буда, ҳарфи «о» таъсис, ҳарфҳои «т», «д» ва «л» дахил, садоноки «а» ишбоъ, ҳарфи «м» равии мутлақ, ҳарфи «р» васл, ҳарфи «о» хурӯҷ аст.

  1. Қофияи мутлақ бо қайд, хурӯҷ ва мазид, яъне қофия, ки аз ҳаракати ҳазв ҳарфи қайд, ҳарфи равии мутлақ, ҳарфи васл, ҳарфи хурӯҷ, ҳаракати нафоз ва ҳарфи мазид сохта шудааст (мисли: «ҷ а с т е м а ш» ва «б а с т е м- а ш»). Мисол:

Хорҳо буд дар раҳат, кандемаш,

Лолаҳои чида ор, бандемаш. (М. Солеҳ)

Мисоли дигар:

Ин дил, ки ба зулфи дилбаре бастемаш,

Ҳарчанд гусаст, боз пайвастемаш. (аз « Арӯзи тоҷикӣ» ).

Дар байти аввал ҷузви «-андемаш», дар байти сонӣ ҷузви «-астемаш» решаи қофия буда, садоноки кӯтоҳи «а» ҳазв, ҳарфи «н» (дар қофияи байти дуюм ҳарфи «с», қайд), ҳарфи «д» (дар байти дуюм ҳарфи «т»,
равии мутлақ, ҳарфи «е»васл, ҳарфи «м» хурӯҷ, садоноки кӯтоҳи «а» нафоз ва ҳарфи «ш» «мазид» мебошад.

8. Қофияи мутлақ бо хурӯҷ ва мазид, яъне қофияе,ки дар решаи он тавҷеҳ, равии мутлақ, маҷро,васл, хурӯҷ, нафоз, мазид омада бошад (мисли: «д и л а с т а ш» ва «г у л а с т а ш»).Мисол:

Дар гулистони висолат чун гуластам,

Дар раҳи васли ту, ҷоно, булбуластам. (М.Солеҳ).

Мисоли дигар:

Чустуҷӯ кардам, ки ёбам розу асрори Дилашро,
Бехабар будам, ки дилбар тарк карда манзилашро.
(М.Солеҳ).

мазид аст.

9. Қофияи мутлақ бо ридфи муфрад, хурӯҷ ва мазид, яъне қофияе,ки дар решаи он ридфи муфрад, равии мутлақ, маҷро, васл, хурӯҷ, нафоз ва мазид омада бошад (мисли: «р у х о н а с т а ш» ва «н и ш о н а с т а ш»). Мисол:

Аз харобот чун бихонандаш,

Рӯй ношуста медавонандаш. (Масъуди Саъд).

Мисоли дигар:

Гарчи бесомонам, аммо дар насаб Сомониям,
Хоҷаи Сайёд аёли бандаи султониам.
(Абдӣ)

Дар байти аввал ҷузви «-онандаш» решаи қофия буда, ҳарфи «о» и муфрад, ҳарфи «н» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро, и «н»-и дуюм васл,ҳарфи «д» хурӯҷ, садоноки кӯтоҳи «а» нафоз ва и «ш» мазид аст. Дар байти дуюм ҷузви «-ониам» решаи қофия буда, и «о» ридфи муфрад, ҳарфи «н» равии мутлақ,ҳарфи «и» васл, ҳарфи

Дар ҳарду байт ҷузвҳои «-уластам» ва «-илашро» решаи қофия буда, дар решаи қофияи байти аввал садоноки қӯтоҳи «у» тавҷеҳ, ҳарфи «л» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро, ҳарфи «с» васл, ҳарфи «т» хурӯҷ, садоноки кӯтоҳи «а» нафоз, ҳарфи «м» мазид; дар решаи қофияи байти сонӣ садоноки кӯтоҳи «и» тавҷеҳ, ҳарфи «л» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро, ҳарфи «ш» васл, ҳарфи «р» хурӯҷ, ҳарфи «о» ридф

ҳарф

ҳарф

ҳарф

«а» (дар навишти арабӣ-алиф) хурӯҷ ва ҳарфи «м» мазид мебошад.

10. Қофияи мутлақ бо ридфи мураккаб, хурӯҷ ва мазид, яъне қофияе,ки дар решаи он ридфи муфрад ё аслӣ, ридфи мураккаб ё зоид, равии мутлақ, васл, хурӯҷ, нафоз ва мазид омада бошад (мисли: « ш и т о ф т е м а ш» ва «н а ё ф т е м а ш»).

Ҳар чанд зи пай шитофтемат, Ай гумшудадил, наёфтемат.

Дар ин байт ҷузви «-офтемат» решаи қофия буда, ҳарфи «о» ридфи муфрад, ҳарфи «ф» ридфи мураккаб, ҳарфи «т» равии мутлақ, ҳарфи «е» васл, ҳарфи «м» хурӯҷ, садоноки кӯтоҳи «а» нафоз ва ҳарфи «т»-и охир мазид мебошад.

Мисоли дигар:

Гарчи фалак зи пеш биронДастӣ маро,

Бо банди гарон фурӯ нишонДастӣ маро.

Дар ин байт ҷузви «-ондастӣ» решаи қофия буда, дар он ҳарфи «о» ридфи муфрад ё аслӣ, ҳарфи «н» ридфи мураккаб ё зоид, ҳарфи «д» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро, ҳарфи «с» васл, ҳарфи «т» хурӯҷ, ҳарфи «ӣ» мазид аст.

11. Қофияи мутлақ бо таъсис,дахил,хурӯҷ ва мазид, яъне қофияе, ки дар решаи он ҳарфи таъсис, ҳарфи дахил, ҳаракати ишбоъ, ҳарфи равии мутлақ, ҳаракати маҷро, ҳарфи васл, ҳарфи хурӯҷ, ҳаракати нафоз ва ҳарфи мазид омада бошад ( мисли: « м о й и л а с т а ш » ва « ҳ о с и л а с т а ш»).Мисол:

Гарчи шохи ҳафт мулкам, оДиластам,

Чун гадоён баҳри васлат мойиластам. (М.Солеҳ).

Мисоли дигар:

Дар роҳи ишқ оқилонананд гӯйё чун гофилоне, Ғофилонанд аз тағофул гӯйё чун окцлоне. (М.Солеҳ).

Дар қофияҳои «одиластам» ва «мойиластам» ҷузвҳои «-одиластам» ва «ойиластам» решаи қофия буда, ҳарфи «о» таъсис, ҳарфҳои «д» ва «й» дахил, садоноки кӯтоҳи «и» ишбоъ, ҳарфи «л» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро, ҳарфи «с» васл, ҳарфи «т» хурӯҷ, садоноки «а» нафоз, ҳарфи «м» мазид аст. Дар қофияи байти дуюм бошад ҷузвҳои «-офилоне» ва «оқилоне» решаи қофия буда, ҳарфи «о» таъсис, ҳарфҳои «ф» ва «қ» дахил, садоноки кӯтоҳи «и» ишбоъ, ҳарфи «л» равии мутлақ, ҳарфи «о» васл, ҳарфи «н» хурӯҷ ва ҳарфи «е» мазид аст.

12. Қофияи мутлақ бо хурӯҷ, мазид ва нойира, яъне қофияе,ки дар решаи он ҳаракати тавҷеҳ, равии мутлақ, васл, хурӯҷ, нафоз, мазид ва нойира омада бошад (мисли: «п а р в а р е м а ш о н» ва «о в а р е м а ш о н»).Мисол:

То кай ба хуни дидаву дил парваремашон,

То кай зи раҳ раванд, ба раҳ оваремашон. (аз «Арӯзи тоҷикӣ») Мисол дигар:

Маро бо ёди ҷонон парвариДанД,

Ба ҷои асли ӯ ҷон овариДанД. ( М. Солеҳ).

Дар байти аввал ҷузвҳои «-аремашон» решаи қофия буда, садоноки кӯтоҳи «а» тавҷеҳ, ҳарфи «р» равии мутлақ, ҳарфи «е» васл, ҳарфи «м» хурӯҷ, садоноки кӯтоҳи «а» нафоз, ҳарфи «ш» мазид, ҳарфҳои «о» ва «н» нойира мебошад. Дар байти дуюм ҷузвҳои «- ариданд» решаи қофия буда, садоноки кӯтоҳи «а» тавҷеҳ, ҳарфи «р» равии мутлақ, ҳарфи «и» васл, ҳарфи «д» хурӯҷ, садоноки кӯтоҳи «а» нафоз, ҳарфи «д» нойира аст.

13. Қофияи мутлақ бо қайд, хурӯҷ, мазид ва нойира, яъне қофияе, ки дар решаи он ҳаракти ҳазв, ҳарфҳои қайд, равии мутлақ, васл, хурӯч, ҳаракати нафоз ва ҳарфи нойира омада бошад (мисли: «б у р д е м а ш о н» в а «о з у р д е м а ш о н»). Мисол:

Дӯстонро рахт аз кӯи вафо бурдемашон,

Худ биозурдем, аз худ низ озурдемашон.(аз «Арӯзи тоҷикӣ») Мисоли дигар:

Дар кӯи васли ҷонон ёбам чу гардашонро,

Беҳ з-он,ки дида бошам як лаҳза ДарДашонро. (М.Солеҳ)

Решаи қофияи байти аввал «-урдемашон» ва решаи қофи байти дуюм «-ардашонро» мебошад.Дар решаи қофияи байти аввал садоноки «у» ҳазв, ҳарфи «р» қайд, ҳарфи «д» равии мутлақ,ҳарфи «е» васл, ҳарфи «м» хурӯҷ, садоноки кӯтоҳи «а» нафоз, ҳарфи «ш» мазид ва ҳарфҳои «о»-ву «н» нойира аст. Дар решаи қофияи байти дуюм бошад садоноки «а» ҳазв, ҳарфи «р» қайд, ҳарфи «д» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро, ҳарфи «ш» васл, ҳарфи «о» хурӯҷ, ҳарфи «н» мазид ва ҳарфҳои «р»-ву «о» нойира мебошад.

14. Қофияи мутлақ бо ридфи муфрад, хурӯҷ, мазид ва нойира,яъне қофияе, ки дар решаи он ридфи муфрад, равии мутлақ, ҳаракати маҷро, ҳарфи васл, ҳарфи хурӯҷ, ҳаракати нафоз, ҳарфҳои мазид ва нойира омада бошад (мисли: «й о р а с т а м е» ва «к о р а с т а м е»). Мисол:

Бишнав, ки ман насиҳати пирон шуниДаам,

Пеш аз ту халқ будаву баъд аз ту буДаанД. (Саъдӣ)

Мисоли дигар:

Ч,идди ӯ асли некно.миҳост,

Ҳазли ӯ асли шоДкомиҳост. ( Масъуди Саъд)

Дар байти якум фақат як калима («будаанд») ба вазифаи қофия омадааст, зеро байти мусарраъ нест, яъне ин байти аввали ғазал набуда, яке аз байтҳои ғазал аст. Дар ин қофия ҷузви «-удаанд» решаи қофия мебошад ва ҳарфи «у» ридфи муфрад, ҳарфи «д» равии мутлақ, ҳарфи «а» (дар алифбои арабӣ «ҳо»-и ҳавваз аст) васл, ҳарфи «а»-и дуюм (дар алифбои арабӣ ҳарифи «алиф» аст)хурӯҷ, ҳарфи «н» мазид ва ҳарфи «д» нойира аст. Дар байти дуюм бошад ҷузви «-омиҳост» решаи қофия буда, ҳарфи «о» ридфи муфрад, ҳарфи «м» равии мутлақ, ҳарфи «и»васл, ҳарфи «ҳ» хурӯҷ, ҳарфи «о» мазид ва ҳарфҳои «с»-у «т» нойира мебошад.

15. Қофияи мутлақ бо ридфи мураккаб, хурӯҷ, мазид ва нойира, яъне қофияе,ки дар решаи он ридфи муфрад, ридфи мураккаб, равии мутлақ, ҳаракати маҷро,васл, хурӯҷ, мазид ва нойира (мисли « н а п а р д о х т а н и с т а ш» ва «д а р с о х т а н и с т а ш»). Мисол:

Гар дил зи ғами ёр напарДохтанисташ,

Бо ӯ ба ҳама вуҷуд Дарсохтанисташ. (аз «Арӯзи тоҷикӣ») Мисоли дигар:

Ки кассон дар ин раҳ фарас[2] рондаанд,

Бо лоҳис[3] аз так фурӯ мондаанд.

Дар байти аввал ҷузви «-охтанисташ» решаи қофия буда, ҳарфи «о» ридфи муфрад ё аслӣ, ҳарфи «х» ридфи мураккаб ё зоид, ҳарфи «т» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро, ҳарфи «н» васл, садоноки «и» нафоз, ҳарфи «с» хурӯҷ, ҳарфи «т» мазид, садоноки кӯтоҳи «а» нафоз ва ҳарфи «ш» нойира мебошад. Дар байти дуюм ҷузви «-ондаанд» решаи қофия буда, ҳарфи «о» ридфи муфрад ё аслӣ, ҳарфи «н» ридфи мураккаб ё зоид, ҳарфи «д» равии мутлақ, ҳарфи

«а» («ҳо»-и ҳавваз) васл, ҳарфи «а» (алиф) хурӯҷ, ҳарфи «н» мазид ва ҳарфи «д» нойира аст.

16. Қофияи мутлақ бо таъсис, дахил, хурӯҷ, мазид ва нойира, яъне қофияе, ки дар решаи он ҳарфҳои таъсис, дахил, ҳаракати ишбоъ, равии мутлақ, васл, хурӯҷ, ҳаракати нафоз, мазид ва нойира (мисли: «й о в а р е м а шо н» ва «о в а р е м а ш о н»).Мисол:

Тимори ҳаҷри ёрон оваранДашон,

Висол аз чоҳи ғам бароваранДашон. (М.Солеҳ)

Мисоли дигар:

Гар корашон ба ҷанг расад, йоваремашон,

Бо байрақи зафар ба сарой оваремашон. (аз « Арӯзи тоҷикӣ)

Дар байти аввал ҷузви «-оварандашон» решаи қофия буда, ҳарфи «о» таъсис, ҳарфи «в» дахил, садоноки кӯтоҳи «и» ишбоъ, ҳарфи «р» равии мутлақ, садоноки кӯтоҳи «а» маҷро, ҳарфи «н» васл, ҳарфи «д» хурӯҷ, садоноки кӯтоҳи «а» нафоз, ҳарфи «ш» мазид ва ҳарфҳои «о»- ю «н» нойира мебошад.Дар байти дуюм ҷузви «-оваремашон» решаи қофия, ҳарфи «о» таъсис, ҳарфи «в» дахил, садоноки кӯтоҳи «а» ишбоъ, ҳарфи «р» равии мутлақ, ҳарфи «е» васл, ҳарфи «м» хурӯҷ, садоноки кӯтоҳи «а» нафоз ва ҳарфи «ш» мазид ва ҳарфҳои «о» ва «н» нойира аст.

Аз ҷумлаи ин 25 навъи қофия, ки дар боло овардем, як қисмашон хеле камистеъмоланд ва аксари муаллифони китобҳои қофия худашон барои онҳо байтҳои алоҳида сохтаанд. Ба ин гурӯҳи қофияҳо навъҳои 16-25 дохил мешаванд.

Илова бар ин, дар ашъори баъзе шоирони адабиёти классик форс- тоҷик ба шеърҳое дучор меоем, ки нисфи калимаи қофияшавандаро аз арӯз (рукни охири мисраъи аввал) ба ибтидо (рукни аввали мисраъи дуюм) ва нисфи калимаи қофияи мисраъи сеюмро ба аввали мисраъи чаҳорум ва нисфи калимаи охири мисраъи чаҳорумро ба аввали мисраъи панҷум ва нисфи калимаи охири мисраъи панҷумро ба аввали мисраъи шашум ва ҳамин тарз то охири шеър мегузаронанд.Дар чунин ҳолат ҳарфи равӣ аз ҳарфи охирини решагӣ иборат нашуда, аз ҳарфҳои муқарарии калима таркиб меёбад, ки ба сари худ ҳеҷ гуна маънӣ надорад.

Сӯзании Самарқандӣ қасидае дорад, ки абёти он ба ҳамин тарзи қофиябандӣ иншо шудааст. Барои мисол ду байти онро меорем:

Саъди дин мадҳи хоҷаи мустав-

Фӣ шунидаву дар дил омад сав-

Дои он навтариқу кардӣ таҳ-

Син бар он вазни шеъру қофия мав…

Дар байни анвоъи қофия қофияҳои муқайяд бо ридф, бо ҳарфҳои қайд, таъсису дахил, қофияҳои муқайяди муҷаррад ва мутлақи муҷаррад хеле серистеъмоланд.Ин навъи қофияҳо якҷоя бо радиф дар шеър оҳанги хушу гуворо ба вуҷуд меоранд.Дар ин ғазали Камоли Хуҷандӣ қофияи муқайяд бо ридфи муфрад ё аслӣ ва радифи «т у х у ш м е о я д» хеле хушоҳанг омадааст:

Навбаҳорон зи лилам бӯйи т у х у ш м е о я д,

Ҳамаро боғу маро рӯйи т у х у ш м е о я д.

Ҳамчу наргис наниҳам чашм ба сарви лаби ҷӯй,

Ки маро қомати Дилчӯйи т у х у ш м е о я д.

З-он ҳама ҳалқа , ки шамшод занад бар сари гул,

Бандаро ҳалқаи гесӯйи т у х у ш м е о я д.

Бӯйи гулзор хуш ояд ҳама касрову маро

Накҳати хоки сари кӯйи т у х у ш м е о я д.

 Печи сунбул ба чаман ҳеҷ намеояд хуш,

Пеши рӯйи ту хами мӯйи т у х у ш м е о я д.

Шеваи чашм чу наргис чи кунад ишваву ноз?!

 Шева аз наргиси цоДуйи т у х у ш м е о я д.

 Чашм накшуда ба рӯйи гул аз он рӯй, Камол,

 Ки назар бар гули худрӯйи т у х у ш м е о я д.

Дар боло мо садоноки кӯтоҳи баъди дахилро (ҳаракати дахилро) ишбоъ гуфтем, зеро ин барои донистани таълимоти гузаштагон ёрӣ мерасонад. Баъзе донишмандон, аз ҷумла устод Баҳром Сирус таъкид мекунанд, ки садоноки кӯтоҳи пеш аз равӣ омадаро тавҷеҳ гӯем. Ин тарзи таълим хонандаро ба иштибоҳ меорад, зеро дар китобҳои қофияи классикӣ байни ишбоъву тавҷеҳ фарқ гузоштаанд. Барои ҳамин, хуб мешавад,ки садоноки кӯтоҳи баъди дахилро ҳаракати дахилро и ш б о ъ, садоноки кӯтоҳи пеш аз қайдро ҳ а з в садоноки кӯтоҳи пеш аз равиро (агар ҳарфи дахил набошад)тавҷеҳ, садоноки кӯтоҳи баъди равиро маҷро ва садоноки кӯтоҳи баъди васлу хурӯҷу мазидро нафоз гӯем.

Савол ва супоришхо:

  1. Миқдори анвоъи қофияи пурбаҳо чандтоянд?
  2. Аз байни 25 навъи қофия кадомҳояшон серистеъмоланд ?
  3. Кадом навъи қофияҳо камистеъмоланд?
  4. Дар қофияи мутлақ кадом ҳарфҳои қофия иштирок мекунанд?
  5. Агар баъди ҳарфи равӣ ҳарфи васл наомада бошад, онро ба кадом навъи қофия дохил мекунем?
  6. Охирин ҳарфи қофияи мутлақ чӣ ном аст?
  1. Мисоле биоред,ки дар он ҳарфи қайд, хурӯҷ омада бошад.
  2. Дар қофияи мутлақ бо ридфи мураккаб ва хурӯҷ боз кадом навъи ридф омада метавонад?
  3. Дар қофияи мутлақ бо таъсис, дахил ва хурӯҷ кадом ҳаракатҳои қофия омада метавонанд?
  4. Барои чӣ навъҳои қофияҳои 16-25 камистеъмоланд?
  5. Харакате, ки баъди ҳарфи дахил меояд, чӣ ном дорад?
  6. Кадом ҳаракатҳо баъди равӣ меоянд.
  7. Ҳаракати пеш аз ҳарфи равӣ чӣ ном дорад.
  8. Қофия ва радиф дар шеър чи аҳамият доранд?

[1]     Қуфшона – шонаи бофандагӣ.

[2]     Фарас-асп.

[3]     Лоҳас, лоҳис-ночор.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …