Главная / Илм / АНТИФРИЗ

АНТИФРИЗ

antifrizАНТИФРИЗ (аз анти… ва англ. freeze – ях бастан), маҳлули обии баъзе моддаҳо, ки аз сармо ях намебандад. А.-ро зимистон ба системаи сардонии муҳаррики дарунсӯз мерезанд. Барои системаи сардонии муҳаррикҳои дарунсӯз истифодаи А.-ҳое, ки дар таркибашон этиленгликол, обу спирт, обу глитсерин, маҳлули баъзе намакҳои ғайриорганикӣ ва ғ. доранд, мувофиқтар аст. А.-ро инчунин барои ях набастани оинаи мошин низ истифода мебаранд.
А.-е, ки аз омехтаи этиленгликол ва об иборат аст, бештар истифода мешавад. Этиленгликол моеъи часпаки берангу бӯй буда, ҳарор. ҷӯшишаш 197,4° аст. Дар саноат ду навъи А.-и этиленгликолӣ (40 ва 65; рақамҳо ҳарор. яхбандии онҳоро нишон медиҳанд) истеҳсол мешавад. А.-и этиленгликолии 40 аз 53% этиленгликол ва 47% об, А.-и этиленгликолии 65 бошад, аз 65% этиленгликол ва 35% об иборат аст.
А.-и этиленгликолӣ заҳр буда, металлу резинаро вайрон мекунад. Барои пешгирӣ намудани ин ҳолат ба чунин А.-ҳо моддаҳои махсус ҳамроҳ менамоянд. Ҳангоми сарукор доштан бо А. эҳтиёт бояд шуд. Бо даҳон тавассути рӯдаҳои резинӣ берун кашидани А. метавонад боиси заҳролудӣ ва ҳатто марг гардад. Кӯшидан лозим, ки А. ба пӯст нарасад. Дар мавриди ба муҳаррик рехтани А. аз дастпӯшаки резинӣ истифода кардан лозим аст.
Ҳангоми заҳролудӣ аз А. системаи асабҳои марказӣ, гурдаҳо ва ҷигар осеб меёбанд. Бо мақсади пешгирии заҳролудӣ ба қоидаҳои бехатарӣ риоя кардан лозим аст. Дар рӯи зарфе, ки А. нигоҳ дошта шудааст, бояд «Заҳр» навишт.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …