АНГИШТИ ФАЪОЛ (Carbo acitivatus), ангишти ҷозиб, ангишти ба таври махсус коркарда, ки қобилияти пайваст кардани газ, заҳр ва диг. моддаҳои фаъолро дорад. А. ф.-ро, ки мансуби ангишти сунъист, аз ангишти табиӣ ё ангишти чӯб бо роҳи нест кардани моддаҳои зифтӣ ҳосил мекунанд. Хосияти адсорбсиявии А. ф. хеле баланд аст. А. ф. моддаҳои газшакл, буғмонанд ва маҳлулҳоро ҷаббида мегирад. Он ҳангоми заҳролудӣ аз моддаҳои гуногун (мас., занбӯруғҳо), бемориҳои меъдаю рӯда, ки бо дамиши шикам (метеоризм) ҷараён меёбанд, кор фармуда мешавад. Дар мавриди табобати заҳролудӣ баъди истифодаи А. ф. намаки мусҳил истеъмол кардан лозим аст. Вояи истифодаи А. ф. 2 – 4 қурс (рӯзе 3 – 4 маротиба)-ро ташкил медиҳад. Ҳангоми решмарази меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, ҳамчунин захми роҳи ҳозима зиён дорад.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …