Главная / Илм / АНДРОСТЕРОМА

АНДРОСТЕРОМА

androsteromaАНДРОСТЕРОМА, навъе аз омосҳо. А.-ҳо нисбатан кам дучор омада, асосан хоси занҳо (асосан то 35-сола) мебошанд. Дар мавриди А. миқдори гормони ҷинсии мардона – андроген меафзояд. Дар натиҷа дар занҳо қабати равғани зери пӯст кам, мушакҳо калон, овоз дағал ва паст мешавад; дар бадан, дасту пой ва чеҳра мӯйҳои сершумор мерӯянд; ҳамзамон бо ин мӯйи сар мерезад (тоссарӣ падид меояд), ғадудҳои сина тағйир ёфта, ҳайз қатъ мегардад, аъзои таносул ҳаҷман калон мешавад. Сари вақт ошкор ва пешгирӣ кардани инкишофи А.-ҳо аҳамияти калон дорад, зеро аз нисф зиёди онҳо омосҳои саратонӣ мебошанд. Дар сурати бомуваффақият дур сохтани омос, нишонаҳои беморӣ зуд барҳам мехӯранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …