Главная / Илм / АНДАРОБ

АНДАРОБ

andarobАНДАРОБ, чашмаи минералӣ дар ноҳ. Ишкошим. Дар соҳили рости д. Панҷ, 63 км дуртар аз маркази ноҳия, дар шафати роҳи мошингарди Хоруғ – Ишкошим воқеъ аст. Баландиаш аз с. б. 2300 м. Тобистон чашма зери оби дарё мемонад. Дебиташ – 0,2 л/сон., ҳарор. обаш +13,5 – +14,20С. Дар таркиби оби чашма катионҳои натрий (551 мг/л), калсий (195 мг/л), магний (104 мг/л), калий (29,0 мг/л), анионҳои гидрокарбонатҳо (1220 мг/л), хлоридҳо (587 мг/л), сулфатҳо (310 мг/л), молекулаҳои кислотаи силикат (26,0 мг/л), ҳамчунин титан ва мис мавҷуданд. Минералнокии умумиаш – 4,2 г/л. Ошомидани оби чашма барои муолиҷаи илтиҳоби меъда, рӯдаи дувоздаҳангушта, гепатит, холесистит, пиелонефрит, касалии қанд ва диатези бавлӣ муфид аст. Вобаста ба таркиби химиявӣ ба оби чашмаҳои Ессентуки 17, Зваре (Гурҷистон) ва Севан (Арманистон) шабоҳат дорад.
Ад.: Бобоходжаев И.Я., Давлатмамадов Ш.М., Лечебные минеральные источники Памира, Д., 1994.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …