Главная / Гуногун / ҲАМЯРОҚОН

ҲАМЯРОҚОН

Муйсафед, пас аз бори чорум давр задани бозор, як гўшаи камодамро интихоб кард. Аввал якпорча картони  хоколудро аз замин бардошта, гарду хокашро  такид ва онро сари санги на он қадар калон гузошта, оҳиста нишаст. Асояшро ба кади  пои ориятиаш дароз гузошту аз чайбаш дастрўймол бароварда, назди худ паҳн кард ва боз даст ба кисаи пиҷакаш андохта, ордени “Ситораи сурх” ва нишони “Барои шуҷоат”-ро бароварда, болои  рўймолча гузошт, сипас дуздида ба атроф нигарист. Каме  дуртар аз ў ду писарбача донаи офтобпараст савдо мекарданд. Дар тарафи дасти чапаш кампири аврупоинажоде чор бех гулҳои дар қуттии  консерв сабзондаашро  назди худ гузошта, харидор мепоид.

kuhhoОҳиста- оҳиста равуои одамон дар ин гўшаи  хилвати  бозор низ зиёд мешуд. Аллакай чанд нафари дигар  дар қатори мўйсафед ҳар гуна майда-чуйдаи наву кўҳнаи рўзгорро рўи рўзномаву  матоъҳои гуногун паҳн карда, мунтазири  харидор буданд. Онҳо, аз афташ, ҳамарўза дар инҷо нишаста, савдогарӣ мекарданд, ки якдигарро хуб мешинохтанд.

– Дина наомадӣ? – пурсид марди миёнаумри либосҳояш фақирона аз ҳамсояи худ.

– Апаам тўй дошт, – ҷавоб дод ҷавони тахмин бистучор-биступанҷсола ҷуробакҳои дасташро  ба тартиб дар болои як газ матои пахтагин паҳн карда. Савдо чӣ хел шуд?

– Э напурс… Як шими наппа-навро дуздондам.

– Наход?

– Худам бехабар мондам, ки падарқусурҳо  чӣ хел дар пеши назарам бардоштаанд.

– Хонаашон сўзад.

– Кошкӣ тезтар ягон кор меёфтаму аз ин  бозоршинӣ халос мешудам. Ба дилам зад, ин кори ман набудааст. Агар ҳар рўз як чизамро дуздонам, хонасалот мешавам. Бо соҳиби бор гўӣ, ки дуздондам, магар бовар мекунад?

– Хайр, аз бовар кардани вай чӣ фоида?! Аздусар пулашро талаб мекунад.

– Рост, – тасдиқ кард мард. Ва баъд ба ақиб нигариста, дар қатори дигар нишастани мўйсафедро гўё акнун пайхас кард, ки норозиёна  гуфт:

– Мўйсафед, соҳиби ин ҷо ҳозир меояд.

– Нафаҳмидам, бачам?

– Чиро  нафаҳмидӣ?! Мегўм, ки дар ин бозор ҳама ҷойҳо банд. Ҳозир соҳиби ин ҷой меояд…Орденота ҷамъ кун. Ба ғайр аз худат ба касе даркор нест ун орденҳо. Харидор надорад, беҳуда худатро азоб надеҳ.

Мўйсафед чӣ гуфтанашро надониста, хомўш монд. Ў худро  маломат мекард, ки беҳуда ба ин  ҷо омад. Мехост ҳар чи зудтар аз ин  макони пурмағал берун равад, аммо ёрои аз ҷой хестан надошт. Ҳарчанд сархам менишаст, гумон мекард, ки кулли мардуми бозор чашм  ба ў дўхта, ҳар як ҳаракаташро  таъқиб мекунанд. Шарм торафт гиребонгираш шуда, вуҷудаш дар арақи шарм ғўта зад.

– Ин медал чанд пул? – пурсид овози марғуладоре ордени “Ситораи сурх”- ро ба даст гирифта.

– Мон дар ҷояш, – гуфт мўйсафед сар набардошта. Ў танҳо туфлии сиёҳи  соҳиби овозро медиду халос.

– Намефурўшӣ?

– Не.

– Пас барои тамошо мондӣ?

– Кори ту набошад.

– Дағалӣ накун, мўйсафед! Ин ҷо бозор аст. Модом ки ба бозор овардӣ, пас бояд бифурўшӣ. Ман аз куҷо медонам, ки ту онҳоро  ба намоиш гузоштаӣ.

– Илтимос, ба роҳат  рав, – гуфт мўйсафед овозашро баланд карда. – Ба ту, ки орденро аз  медал фарқ карда наметавонӣ, намефурўшам. Фаҳмо!

Соҳиби овоз “нафурўшӣ, нафурўш!” гўён  дур шуд. Садои ба сангчаҳо  бархўрдани  пошнаи  туфлии оҳараш напаридаи ў то дер ба асабҳои мўйсафед латма заданд.

– Беҳуда ранҷонидам, – гуфт худ ба худ мўйсафед аз қафои ҷавони  қоматбаланд дуздида назар  андохта. – Вай, ки ҷангро надида бошад, аз куҷо  ба фарқи ордену медал меравад… Дар мактаб ба онҳо ёд намедода бошанд?… Ўф! Савдогариаш ҳам кори осон набудааст…

Мўйсафед тўли  умри дарози худ ҳамагӣ як бор ҳамроҳи тағояш барои фурўхтани себҳои  боғашон ба бозор рафта буд. Он вақт тахмин  даҳ-дувоздаҳ сол дошт. Пасон, тағояш то охири  умр бозорравии ўро ба аҳли деҳа нақл карда, механдид. “То барои қазои ҳоҷат рафта омаданам, як зани зебо нархи себи ўро аз як сўм ба шаст тин фароварда, се кило харидааст, – ҳикоя мекард тағояш. – Сипас, харидорони  дигар ба нархи шаст тин се кило себи пеши бозорро харидани ўро  шунида, дар як дам фурўшандаи хурдсолро иҳота карда, бо исрор талаб мекарданд, ки тезтар  барои онҳо низ баркашад. Ҳамин вақт аз ҳоҷатхона баргашта, аввал ин қадар гарм шудани бозори ҷиянамро дида, хеле хурсанд шудам. Аммо  чун аз асли ҳол воқиф гаштам, дуд аз димоғам  баромад ва ба зўрӣ аз дасти харидорон паллаи  тарозуро, ки аз себ пур карда, нияти баркашидан  доштанд, кашида гирифтам. Ва баъд бо як азоб  ба онҳо фаҳмондам, ки ин бача ғалат кардааст.

– Охир, инсоф кунед, магар дар чилаи зимистон ҳамин хел себи хушбўю зеборо шасттинӣ мефурўшанд? – қариб дод мезадам ман.

– Хайр, кори шумо чӣ? Моли ин бача аст, ба чанд сўме, ки хоҳад, мефурўшад, – мегуфтанд бо исрор харидорон. Хулоса, бо як азоб аз харидорони ба шўр омада халос шудем…

Мўйсафед як лаҳза он айёми дур ва чеҳраи  пурожангу офтобхўрдаи тағояшро пеши назар оварда, табассум кард. Аммо боз ба худ омада, аз чӣ бошад, ки лаҳза ба лаҳза дилаш сиёҳӣ пайдо карда, табъаш  хира мешуд. Ҳарчанд пас аз дудилагиҳои зиёд оқибат ин пагоҳӣ барои фурўхтани  ордену  нишонаҳои ҷангиаш ба бозор омада, мехост ҳарчи  тезтар харидоре пайдо шавад, алҳол ба Худо илтиҷо мекард, ки касе нархи онҳоро напурсад. “Ин чӣ номаъқулие буд, ки кардам. Ягон шинос бинад, чӣ мегўяд?! Мурад камбағалӣ!  Тезтар аз ин ҷо рафтан лозим”.

Вай дар қайди  чунин андешаҳо зуд дастрўймолро бо ордену  нишонаш ғундошта, бо нияти аз ҷой хестан  даст ба асояш бурда буд, ки касе дар рости ў қарор гирифт. Мўйсафед аз калўшу  маҳсӣ ва домани яктаҳи дарозаш  пирамард будани одами ростистодаро муайян кард.

– Салом, рафиқ лейтенант!

Мўйсафед сар бардошта, ба соҳиби овоз чашм андохт. Вай пирамарди қоқинаи  ришаш кўтоҳ  қайчизадае буд. Дар сараш тоқии чоргул ва дар танаш ҷелаки  хокистарранг дошт.

– Маро  нашинохтӣ? – пурсид ў ба мўйсафед даст дароз карда.

– Не, ошно, нашинохтам, – гуфт мўйсафед ва дасти  росташро  барои салом дароз карду бо дасти чапаш ба асо такя карда, ба зўр аз ҷой хест.

– Ман аскари қаторӣ Ҳаким Ҷанобилов… Муҳорибаи назди деҳаи Прохоровкаи Исталинградро ёд дорӣ. Баталони мо ба қисми  шумо пайваста, онро озод карда буд. Ҳамон рўзе, ки шинос  шудем, бадбахтона  ту ярадор шудӣ.

– Шинохтам, – гуфт мўйсафед дар лабонаш табассум дамида, -шинохтам, Ҳакими тўпчӣ!

– Худи худаш! – гуфт Ҳаким-бобо ва қадаме пеш монда, мўйсафедро ба оғўш гирифт. – Худи худаш, рафиқ лейтенант, – такрор кард вай аз гардани мўйсафед бўсида.

Онҳо дар оғўши ҳамдигар чанд лаҳза хомўш истоданд.

– Пас аз ба госпитал рафтани ту, – мўйсафедро  аз оғўшаш раҳо карда, ба гап даромад Ҳаким-бобо, – аз ҳамяроқонат дар бораи  корнамоиҳои  аҷибат қиссаҳо шунида, сарам ба осмон расид, ки намояндагони  миллатҳои дигар ба далерию шуҷоати як нафар тоҷики кўҳистонӣ тан додаанд. Афсўс, ки баталони моро ба мавқеи  дигар  фиристоданду имконияти дуюмбора вохўрдан нашуд.

– Хотираат қавӣ будааст. Баъди ин қадар солҳо чӣ хел маро шинохтӣ?

– Қариб ним соат боз туро назора мекунам. Ду маротиба аз наздат гузаштам, сар набардоштӣ. Оқибат таваккал карда омадам. Баъд аз пои чўбинат… Чанд сол пеш як ҳамдеҳаатро вохўрда аз ту пурсон шудам. Саргузаштатро нақл карда, гуфт, ки пас аз ҷанг ба шаҳр  кўч бастаӣ… То ҳол риш намондаӣ… агар ожангҳои рўю ҷабинатро сарфи назар кунем, қариб тағйир наёфтаӣ.

Мўйсафед хост номаълум дастрўймоли  дасташро ба киса андозад, аммо Ҳаким -бобо  ба ин монеъ шуд. Вай хомўш онро аз дасти мўйсафед гирифта, ордену нишонро ба пиҷаки рангпаридаи вай кашол кард. Ва баъд  чанд лаҳза ба чашмони мўйсафед нигариста, гуфт:

– Ман медонам, ки ту бо чӣ  ҷонбозиҳо  ин  ордену медалро соҳиб шудаӣ.

Мўйсафед Ҳаким-боборо дубора ба оғўш гирифта, пичирросзанон гуфт:

– Кампирам бемор. Духтурон барои ҷарроҳӣ  пули калон талаб карданд. Пасандози нафақаамон нарасид, яхдону телевизорро фурўхтам… маҷбур шудам.

– Мефаҳмам… Фарзандон кўмак накарданд?

– Худо ба мо фарзанд надод.

– Афсўс… Ҳеҷ гап не, барои ҷарроҳӣ пул меёбем, – гуфт Ҳаким -бобо. – Писари ман кўмак мекунад.

Дар чашмони мўйсафед ашк ҳалқа зад.

– Рафиқ лейтенант! – гуфт Ҳаким-бобо бо оҳанги сарзаниш. – Ба шумо чӣ шуд? Наход пирӣ асар карда бошад, а?!

– Ҳозир мегузарад, – гуфт, мўйсафед бо дастрўймол оби чашмонашро  пок карда. – Ин асари дар фронт осебдидагии сарам аст. Агар каме ба ҳаяҷон оям, оби чашм мекунам. Ҳеҷ  гап не, ҳозир мегузарад. Лекин… Магар мо ба ҳамин умед ҷон ба каф гирифта, бо  фашистон даст ба гиребон шуда будем, ки  имрўз дар пеши як духтури ҳанўз аз даҳонаш бўи шири модар нарафта мўҳтоҷ шавем, хору залил гардем? Ҳарчанд зора кардам, ки зудтар ҷарроҳӣ кунад, ҳамон  пули  зормондаро аз таки ҳафт қабати замин бошад ҳам, ёфта меоям, розӣ нашуд. Аввал биёр  гуфт. Ноинсоф! Пойҳои  кампирам мисли  кунда варам кардаанд. Мегўянд, ки ҳарду гурдааш аз кор мондаасту ҳатман ҷарроҳӣ кардан лозим…

– Парво накун, ошно. Дар ин дунё кас ҳаст, нокас ҳаст. Охир, панҷ панҷа баробар нест-ку! Нашавад, ки ҳамаашонро яксара бурида, баробар кунӣ.

– Рафтем, – гуфт Ҳаким -бобо дасташро  ба миёни мўйсафед гузаронда.

Мўйсафед, дар дасти росташ асо, дасти чапаш дар гардани ҳамяроқаш, лангида ба роҳ даромад.

Ҳаким-бобо мисли он ки чандин сол пеш лейтенанти  ба хоку хун ҷўлидаро аз хандоқ бароварда буд, ўро аз миёнаш дошта, аз ин бозори сермағал, ки ҳама чиз харидаву фурўхта мешавад, берун бурд…

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …