Главная / Ҷамъият / АМНИЯТИ НАҚЛИЁТӢ

АМНИЯТИ НАҚЛИЁТӢ

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

 дар бораи АМНИЯТИ НАҚЛИЁТӢ

 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №7, мод. 697)

Қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва дигар муносибатҳоеро, ки ба таъмини амнияти наклиётӣ ва фаъолияти устувори маҷмуи нақлиёт вобастаанд, танзим менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМЙ  

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

naqliyoi-02

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

амнияти нақлиётӣ – ҳолати ҳимоя шудани объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситахои нақлиёт аз амалхои дахолати гайриконунй;

таъмини амнияти наклиётй – амалй намудани тадбирхои аз чониби давлат муайяншудаи хукукй, иктисоди, ташкилй дар сохаи мачмуи (комплекси) наклиёт, ки ба хавфи содир шудани амалҳои дахолати ғайриқонунӣ мутобиқат мекунанд;

амали дахолати ғайриқонунӣ – амали зиддиҳуқуқӣ (аз ҷумла, амали террористӣ), ки ба фаъолияти бехатарии маҷмуи нақлиёт таҳдид намуда, сабабгори зарар расонидан ба ҳаёт ва саломатии одамон, расонидани зарари моддӣ ва ё боиси хавфи ба вуҷуд омадани чунин оқибатҳо гардад;

мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ – мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои вазифаи хизматрасонии давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ ваколатдор кардааст;

гуруҳбандии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт – мансуб донистани объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт ба гуруҳҳои муайян бо назардошти дараҷаи хавфи содир амали дахолати ғайриқонунӣ ва оқибатҳои эҳтимолии он;

объектҳои инфрасохтори нақлиёт – маҷмуи технологие, ки роҳи оҳан, роҳҳои обии дохилӣ,хатсайрҳо пайвастакунандаи, роҳҳои автомобилгард, нақбу пул, гузаргоҳи роҳи оҳан ва автобусҳо, бандарҳои махсуси моҳидорӣ ва дарёӣ, воситаҳои бандарӣ, иншоотҳои гидротехники киштиронӣ, аэродромҳо, фурудгоҳҳо объектҳои низоми алоқа, киштиронию ҳавонавардӣ ва идораи ҳаракати воситаҳои нақлиётро дар бар мегирад, инчунин дигар биною иншоот, дастгоҳҳо ва таҷҳизоте. ки фаъолияти маҷмӯи нақлиётро таъмин мекунанд;

-арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт -муайян намудани дараҷаи ҳимоя шудани объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз хавфи содир шудани амали дахолати ғайриқонунӣ;

ташкилотҳои махсуси соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ – шахсони ҳуқуқие, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт муқаррар гардидаанд;

субъектҳои инфрасохтори нақлиёт – шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ, ки соҳибмулкони объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт мебошанд ё онҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд;

воситаҳои наклиёт – нақлиётҳои хавоӣ, роҳи оҳан, автомобили, оби, барқӣ ва қубурӣ, ки барои ҳамлу нақл муқаррар шудаанд;

– маҷмӯи нақлиёт – объектҳо ва субъектҳои инфрасохтори нақлиёт, воситаҳои нақлиёт;

сатхи амнияти наклиётй – дараҷаи ҳимоя шудани маҷмуи нақлиёт, ки ба дараҷаи ҳатари содир шудани амали дахолати ғайриқонунӣ мувофиқат мекунад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти нақлиётӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти нақлиётӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақсад ва вазифаҳои таъмини амнияти нақлиётӣ

1.Мақсади таъмини амнияти нақлиётӣ фаъолияти устувор ва бехатари маҷмуи нақлиёт, ҳимояи манфиатҳои шахе, ҷамъият ва давлат дар соҳаҳои маҷмуи нақлиёт аз амалҳои дахолати ғайриқонунӣ мебошанд.

2.Вазифаҳои таъмини амнияти нақлиётӣ инхоянд:

–  танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар сохаи таъмини амнияти нақлиётӣ;

– муайян намудани таҳдидҳо оид ба анҷом додани амалҳои дахолати ғайриқонуни;

– гурӯҳбандии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлнёт;

– тахия ва татбиқи талабот оид ба таъмини амнияти нақлиёти;

– таҳия ва татбиқи чораҳо оид ба таъмини амнияти нақлиёти;

– тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи таъмини амнияти нақлиёти;

– санҷиш ва назорат дар соҳаи таъмини амнияти нақлиёти;

-таъмини иттилоотӣ, моддию техники ва илмии техникии амнияти нақлиёти.

 

Моддаи 4. Принсипҳои таъмини амнияти нақлиёти

Принсипҳои таъмини амнияти наклиёти инхоянд:

–  қонуният;

–  риояи мувозинати манфиатҳои шахс, ҷамъият ва давлат;

–  масъулияти тарафайни шахс, ҷамъият ва давлат дар соҳаи таъмини амнияти нақлиёти;

–  ҳамгироӣ (интегратсия) бо низоми байналмилалии амният;

–  ҳамкории субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва мақомоти давлатӣ.

 

БОБИ 2. АМНИЯТИ НАҚЛИЁТИ ВА ТАДБИРҳО ОИД БА ТАЪМИНИ ОН

 

Моддаи 5. Таъмини амнияти нақлиёти

  1. Таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт ба зиммаи субъектҳои инфрасохтори нақлиёт вогузор карда мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  2. Назорати давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти нақлиёти аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиёти мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 6. Арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз амалҳои дахолати ғайриқонунӣ

1.Тартиби арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиёти дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллй ва корхои дохилй муқаррар карда мешавад.

2.Осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз ҷониби ташкилотҳои махсуси соҳаи таъмини амнияти нақлиёти, мақомоти давлатии амнияти миллй ва мақомоти корҳои дохилӣ бо назардошти талаботи таъмини амнияти нақлиёти арзёбӣ карда мешавад.

3.Натиҷаҳои арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиёти тасдиқ карда мешаванд.

  1. Интишори маълумот оид ба натиҷаҳои арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт мань acт.

 

Моддаи 7. Гурухбандии объектҳои инфрасохтори наклиёт вавоситахои нақлиёт

  1. Миқдори гуруҳҳо ва меъёри гуруҳбандии объектҳои инфрасохтири нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт бо тартибе муқаррар карда мешаванд, ки он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллй, мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи рушди иқтисод муайя карда мешавад.
  2. Объектҳои гуруҳбандишуда ба феҳристи объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт дохил карда мешаванд, ки пешбурди он 6а зиммаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиёти бо тартиби муқарраргардида вогузор карда мешавад.

 

Моддаи 8. Сатхи амнияти наклиёти, объектхои инфрасохтори наклиёти ва воситахои наклиёт

  1. Бо мақсади андешидани тадбирҳо оид ба таъмини амнияти нақлиёти дар маҷмуи нақлиёт сатҳҳои гуногуни амнияти нақлиёти муқаррар карда мешаванд.
  2. Номгӯи сатҳҳои амнияти нақлиёти ва тартиби эълон намудани онҳо дар ҳолати тағйир ёфтани дараҷаи хавфи содиршавии амали дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти маҷмуи нақлиёт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 9. Талабот оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ

Талабот оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ, ки сатҳҳои амниятро дар асоси моддаи 8 Қонуни мазкур барои гуруҳҳои гуногуни объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт ба ҳисоб мегирад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти наклиётӣ дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллӣ, мақомоти корхои дохилӣ ва мақомоти ваколатдори давлатии сохаи рушди иқтисод муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 10. Банакшагирӣ ва татбики чораҳо оид ба таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт

  1. Субъектҳои инфрасохтори нақлиёт дар асоси натиҷаи арзёбии осебпазирии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои наклиёт нақшаҳои таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори наклиёт ва воситахои наклиётро тахия менамоянд. Нақшаҳои зикршуда маҷмуи чораҳоро оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ пешбинӣ менамоянд. Tapтиби таҳияи нақшаҳои зикршударо мақоми ваколатдори давлатии соҳаи амнияти нақлиёти дар мувофиқа бо макомоти давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ муқаррар мекунад.
  2. Нақшаҳои таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиётро мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиёти тасдиқ мекунад.
  3. Нақшаҳои таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт аз ҷониби субъектҳои инфрасохтори нақлиёт мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

4.Интишори маълумоти нақшаҳои таъмини амнияти нақлиётии объектҳои инфрасохтори нақлиёт на воситаҳои нақлиёт манъ мебошад.

 

Моддаи 11. Маҳдудиятҳо ҳангоми қабул кардан ба коре, ки бевосита ба таъмини амнияти нақлиёти алоқаманд мебошад

1.Ба мансабе, ки бевосита ба таъмини амнияти нақлиёти алоқаманд аст, шахсони зерин қабул карда намешаванд:

-онхое, ки доғи суди доранд;

-онхое, ки дар қайди муассисаҳои мақомоти давлатии тандурустӣ бо сабаби бемориҳои рӯҳӣ, майзадагӣ ё нашъамандӣ мебошанд;

-онҳое, ки ваколатҳояшон дар вазифаи давлатӣ пеш аз муҳлат катъ гардидааст ё аз хизмати давлатӣ, аз ҷумла аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти прокуратура ё мақомоти судӣ бо асосҳое озод карда шудаанд, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо содир намудани кирдори бадномкунандаи шарафи хизматчии давлатӣ, дағалона ё пайдарпай риоя накардани интизоми меҳнатӣ ва нобоварӣ нисбат баӯ алоқаманд буда, баъди пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколатҳо ё озод шудан аз хизматӣ давлатӣ камтар аз се сол гузашта бошад;

– онҳое, ки дар асоси натиҷаи тафтиши мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронидашуда хулосаи мақомоти давлатии амнияти миллӣ дар бораи норавоии фаъолияти чунин шахсон дар объектҳои барои ҳаёт ё саломатии инсон, инчунин барои муҳити зист хатари зиёддошта вучуд дошта бошад.

2.Номгӯи кору ихтисос ва мансабҳое, ки бевосита бо таъмини амнияти наклиёти алокаманданд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 12. Таъминоти иттилоотӣ дар соҳаи амнияти нақлиёти

  1. Бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти нақлиёти аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи технологияи иттилоотӣ ва алоқа низоми ягонаи давлатии иттилоотии таъмини амнияти нақлиёти таъсис дода мешавад, ки моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

2.Низоми итилоотии мазкур инчунин аз маҳзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон иборат мебошад. Чунин маҳзанҳо дар ҳолати иҷрои навъҳои зерини ҳамлу нақл тартиб дода мешаванд:

-ҳамлу нақли ҳавоии дохилӣ ва байналмилалӣ;

-ҳамлу нақли дохилии дур ва байналмилалӣ тавассути роҳи оҳан;

-ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти обӣ ва автомобили:

-ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, нақлиёти дохилии обӣ ва автомобили аз рӯи хатсайри алоҳида, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатии соҳаи амнияти нақлиёти дар мувофиқа бо мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ сурат мегирад.

3.Маҳзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахсй дар бораи мусофирон дар асоси маълумоти пешниходнамудаи сохторхои зерин тартиб дода мешавад:

-субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва интиқолдиҳандагон;

-мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;

-давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳо дар доираи ҳамкорӣ доир ба масъалаҳои амнияти нақлиёти.

4.Ҳангоми ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои мусофират (чиптаҳо) маълумоти зерин ба махзани мутамаркази автоматикунонидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон ирсол карда мешавад:

–  насаб, ном ва номи падар;

–  сана ва ҷои таваллуд;

–  намуд ва рақами ҳуҷҷати тасдиккунандаи шахсият, ки дар асоси он хуччати мусофират (чипта) харида шудааст;

-нуқтаи ба роҳ, баромадан, нуктаи таъиншуда, намуди хатсайри ҳаракат (бе истгоҳи гузариш, транзитӣ);

-санаи мусофират.

  1. Тартиби ташкил кардан ва пешбурди махзани мутамаркази автоматиконидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон, ҳамчунин пешниҳод намудани маълумоти дар он дарҷгардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  2. Субъекти инфрасохтори нақдиёт ё интиқолдиҳандаи давлати хориҷие, ки молики воситаи нақлиёт мебошад, ҳамлу нақли байналмилалии мусофиронро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медихад ва ё ҳудуди онро тибқи дигар асосҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебарад, маълумоти ҳуҷҷатҳои мусофират (чиптаҳо)-ро ба маҳзани мутамаркази автоматиконидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни мазкур ирсол менамояд.

7.Риояи тартиби ирсоли маълумоти дар ҳамин модда пешбинишударо ба махзани мутамаркази автоматиконидашудаи маълумоти шахсӣ дар бораи мусофирон мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи нақлиёт, ки вазифаи танзим ва назоратро дар соҳаи нақлиёт ба зима доранд, назорат мекунанд.

8.Интишори маълумот оид ба захираои иттилоотии низоми ягонаи давлатии иттилоотии таъмини амнияти наклиёти манъ аст.

 

Моддан 13. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва интиколдиҳандагони воситаҳои нақлиёт дар соҳаи таъмини амнияти нақлиёти

1.Субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва интиқолдиҳандагони воситаҳои нақлиёт ҳуқуқ доранд, ки:

–  бо тартиби мукарраршуда аз макоми ваколатдори давлатии сохди амнияти наклиёти маълумотро дар бораи масъалаҳои таъмини амнияти нақлиёти дастрас намоянд;

–  ба мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақлиётӣ, мақомоти давлатии амнияти миллӣ ва корҳои дохилӣ доир ба таъмини амнияти нақлиётӣ таклифҳо пешниҳод намоянд.

2.Субъектҳои инфрасохтори нақлиёт ва интиқолдиҳандагон ӯҳдадоранд, ки:

-бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатии соҳаи таъмини амнияти нақдиётӣ фавран дар бораи таҳдидҳои содир кардан ва содир шудани амалҳои дахолати ғайриқонунӣ ба объектҳои инфрасохтори нақлиёт ва воситаҳои нақлиёт маълумот диҳанд;

-дастурҳо ва қарорҳои шахсони масъули ваколатдори мақоми ваколатдори давлатии соҳаи амнияти нақлиётиро дар бораи рафъи риоя нашудани талабот оид ба таъмини амнияти нақлиётӣ мувофиқи моддаи 9 Қонуни мазкур иҷро намоянд;

-дар ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани амалҳои дахолати ғайриқонунӣ, ҳамчунин рафъи оқибати онхо, муқаррар намудани сабабу заминаҳои содир шудани онҳо мусоидат намоянд.

 

БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур тибки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи15. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикитон                                                                   Эмомалӣ Рахмон

 

ш. Душанбе

3 июли соли 2012

         №847

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …