Главная / Илм / АМНИОСЕНТЕЗ

АМНИОСЕНТЕЗ

amniosintezАМНИОСЕНТЕЗ (Amniocentesis; аз amnion – ҷанинпарда ва kentesis – шикофтан), пунксияи пардаи ҷанин. А. бо мақсади ташхисӣ барои гирифтани оби ҳамроҳак истифода мегардад. Мурод аз А. муқаррар кардани вазъи ҷанин, баъзе бемориҳои ирсӣ, бемории гемолизии кӯдак ҳангоми резус-конфликт ва ғ. мебошад. А. бо мақсади ба халтаи ҷанин фиристодани дору ва қатъи ҳамл дар мӯҳлатҳои охирини ҳомилагӣ низ гузаронда мешавад (ниг. Исқот).
А.-ро духтур ба амал меорад. Қабл аз оғози кор бо роҳи тадқиқи ултрасадоӣ мавқеи ҳамроҳакро муайян мекунанд (барои захмдор насохтани он). А. зери беҳиссозии мавзеӣ ва дар шароити тамйизӣ сурат мегирад. Сӯзан аз девораи шикам ё равоқи пеши маҳбал гузаронда мешавад. А.-ро асосан дар давраи дуюми ҳамл амалӣ мегардонанд.
Дар мавриди хавфи исқот, нуқси инкишофи бачадон, дар девораи пеши бачадон ҷойгир будани ҳамроҳак, инчунин ҳангоми бемориҳои сироятӣ А. манъ аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …