Главная / Маданият ва санъат / Амир Ҳусайни Пироеш (Рассом)

Амир Ҳусайни Пироеш (Рассом)

Санаи 9 апрели соли равон дар меҳмонхонаи «Сирена Душанбе» намоиши асарҳои рассоми эронӣ Амир Ҳусайни Пироеш оғоз шуд, ки онро метавон рамзӣ «Манзараҳои Тоҷикистон» номид. Зеро оғои Пироиш солҳои тӯлонист, ки атрофу акнофи сарзамини моро қадам зада, манзараҳои зебои онро ҷолиб ва ҷозиб тасвир кардааст… -Ҷаноби Пироеш, суоламро ба қавли тоҷикон кундаланг медиҳам: чаро маҳз Тоҷикистон? – Барои он ки ман ошиқи Тоҷикистон ва шефтаи манзараҳои ин кишвар ҳастам. Чаро Афғонистонро намекашам?

amir-husayn-piroeshБа хотири он ки он ҷоро надидаам ва мутаассифона, ҷуз хабари ҷангу ҷадал чизе нашунидаам. Дар эҷодиёти ман фақат Тоҷикистон ва Эрон инъикос ёфтаанд. -Чӣ боис гардид, ки шумо ошиқи Тоҷикистон шудед? – Ман бо номи Тоҷикистон дар 6 – солагӣ тариқи радио ошно шудам. Он замон дар Бирҷанди Эрон радиои Тоҷикистон мавҷ паҳн мекард ва аввалин бор ман ин садоро шунидам: «Ин ҷо Душанбе, радиои Тоҷикистон». Он замон аз падарам пурсидам, ки бобоҷон (мо ба падар чунин муроҷиат мекунем) Душанбе куҷост? Падарам гуфт, ки инҳо мардуми мо ҳастанд, ки дар тарафи шӯравӣ мондаанд. Падар ҳамин қадар маълумот дошт ва хуб шуд, ки ман ҳам ҳамнажод буданамонро фаҳмидам.

Баъдан, тариқи антенаҳои махсус мо ба телевизиони Тоҷикистон дастарасӣ пайдо кардем, ки он гоҳо консертҳои дилнишини Ҷӯрабек Муродов, Давлатманди Хол, Нигинаву Муқаддас ва дигар сарояндагони тоҷикро пахш мекард. Ин садоҳоро мешунидем ва шефтаи Тоҷикистон мешудем. Баъдан сарнавишт маро ба Тоҷикистон овард ва аҷиб он, ки як рӯз дар кӯчаи марказӣ ман соҳиби он садое, ки аз радио шунида будам, пайдо кардам, исмаш хонум Зевар (Зевар Қандиловна Ҷӯраева – О.Н.) аст. Баъдан, бо устодон Ҷӯрабеку Давлатманду Афзалшоҳу дигарон низ дӯст шудем, як ҷо нишаставу суҳбатҳо доштем. -Аввалин тасвире, ки аз Тоҷикистон кашидед, манзараи куҷо буд? -Яке аз манзараҳои Варзоб. Ман як муддат ба тиҷорат машғул шуда, наққоширо канор гузошта будам, аммо манзараҳои Тоҷикистон ба ман такон бахшиду баъди танаффус дубора ба ин кор даст задам ва то имрӯз қариб 500-600 асари хурду калон аз Тоҷикистон тасвир кардам.

-Асарҳои шумо ва манзараҳои кишвари моро киҳо бештар харидорӣ мекунанд? -Мушаххасан намедонам, зеро асарҳои ман ба ҳар шакле фурӯхта мешаванд. Аммо то он ҷое медонам, корҳои ман дар Русияву Амрикову Эрону Аврупо ва қариб дар ҳама гӯшаи ҷаҳон ҳаст. -Аз корҳои рассомони тоҷик огоҳед? -Албатта, дар Тоҷикистон рассомони хуб зиёданд ва ҳар яке сабку салиқаи худро доранд. Корҳои Сабзалӣ Шарифов ва Вафо Назаровро меписандам. -Айни замон дар Тоҷикистон ҷавонҳо бештар ба сабки мудерн, ки печидаву муғлақ аст, асар эҷод мекунанд, аммо чӣ тавре мебинем, шумо реализмро нигоҳ доштаед. -Бале, ман бештар бо реализм ва ҳамчунин импрессионизм, миниатюр ва сюрализм кор мекунам. Нависандаи рус Лев Толстой дар бораи ҳунар китобе дорад ва дар он мегӯяд, ки ҳунаре арзиш дорад, ки оммаи мардум онро дарк кунад ва ҳунаре, ки омма аз он баҳра бурда наметавонад, фаҳш аст.

Бубинед, ҳунар он нест, ки ман 4 – то хатро бикашам ва бигӯям мудерн шуд, ин монанди онест, ки маъзарат мехоҳам, – парандае аз осмон рӯйи шишаи мошин ахлот мепартояду он шакли зеборо мегирад. Имрӯз ба ин ҳам мудерн мегӯянд. Сабаби ба чунин сабк рӯй овардани ҷавонҳо он аст, ки мудерн меҳнати зиёд талаб намекунад, академизм бошад, дақиқкорӣ ва заҳмат мехоҳад. Ман борҳо аз рассомон пурсидаам, ки шумо бо ин асаратон чӣ гуфтан мехоҳед, ин ҷо ҳама печида аст. Онҳо худашон посух дода наметавонанд ва мегӯянд: «Аврупоиҳо чунин асарҳоро бештар харидорӣ мекунанд», яъне онҳо ба хотири пул кор мекунанд ва ҳақ ҳам доранд, зеро рангу қобу қаламу матоъ хеле гарон аст, илова бар ин зиндагиро бояд ба навъе бичархонд. -Ин раванд дар Эрон чӣ гуна аст?

-Дар Эрон миниатюр ва реализм бештар аст, аммо ҷавонони мо ҳам ба мудерн майл доранд. Дар Эрон рассомони бузурге зиндагӣ мекунанд ва кишвари мо дар миниатюр дар ҷаҳон дар ҷойи аввал қарор дорад. -Шумо ба гӯшаҳои Тоҷикистон сафар мекунед ё аз рӯйи аксу навор манзараҳоятонро мекашед? -Не, ман нуқта ба нуқтаи Тоҷикистонро аз Бадахшон то Зарафшон ва аз Хатлон то ба Суғд гаштаам ва ҳар ҷоеро ки тасвир мекунам, омӯхтаам. -Шумо айни замон дар ду давлат зиндагӣ мекунед? -Бале, аммо аз 22 соли охири умрам бештар ин ҷо будам, зеро ман аз дӯстони ҷавонии худ дур ва дӯстони ҳақиқиам ин ҷо ҳастанд. -Бо сард шудани муносибатҳои Тоҷикистон ва Эрон барои шумо мушкиле пеш омад?

-Хушбахтона не, зеро ман фикр мекунам, ки сардии равобити давлатмардон ба мо ҳунармандон набояд дахл кунад. Ман қонуни Тоҷикистонро риоя мекунам ва онҳо ҳам ба ман мушкил пеш намеоранд. -Айни замон кадом манотиқи Тоҷикистонро тасвир кунед? -9 моҳ аст, ки Эрон нарафтаам ва иншооллоҳ баъди намоиш меравам ва агар умр вафо кунаду баргардам, манзараҳои Чилдухтаронро тасвир мекунам. Мусоҳиб О. НОЗИР

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …