Главная / Илм / АМИНОВ Ҳусейн Ҷумъаевич

АМИНОВ Ҳусейн Ҷумъаевич

imagesАМИНОВ Ҳусейн Ҷумъаевич (тав. 02. 10. 1946, ноҳ. Қизилтеппаи вил. Бухорои Ҷумҳурии ӯзбекистон), духтури кӯдакон, доктори илмҳои тиб (2006). Хатмкардаи ДДТТ (1969). Духтури минтақавии бемориҳои кӯдакони Дармонгоҳи кӯдаконаи ш. Қӯрғонтеппа (1969 – 71), духтури кӯдакон ва сардухтури беморхонаи минтақавии Кофарниҳони ноҳ. Орҷоникидзеобод (ҳоло ш. Ваҳдат, 1971 – 74), ординатори клиникии кафедраи педиатрияи факултавии ДДТТ (1974 – 76), духтури бригадаи эҳёгарии кӯдакони Бунгоҳи ёрии таъҷилии тиббии ш. Душанбе (1976 – 78), ассистент, муаллими калон, дотсент ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи бемориҳои кӯдакони №1-и ДДТТ (1978 – 2003), сардори шӯъбаи ташкили хадамоти тиббии модар ва кӯдаки Вазорати тандурустии ҶТ (2003 – 06), дотсенти кафедраи бемориҳои кӯдакони №1-и ДДТТ (2007 – 08). Аз с. 2008 мудири ҳамин кафедра. Оид ба масъалаи масунияти мутобиқатӣ дар сохтори бемориҳо ва фавти кӯдакон дар шароити номусоиди экологӣ тадқиқот мебарад. Дар мавзӯи «Қиёси клиникию бактериологии уфунат дар кӯдакони хурдсоли Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Хусусиятҳои давраи аввали мутобиқат дар кӯдаконе, ки аз модарони гирифтори нефропатия таваллуд ёфтаанд» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 40 асару мақолаҳои илмӣ, тезисҳо, 5 тавсияномаи методӣ барои духтурон. Бо медали ҷашни «1025-солагии Абӯалӣ ибни Сино» (2006) ва ифтихорномаҳои соҳавӣ қадр карда шудааст.
Ос.: Далелҳо ба манфиати ҳифзи ҳаёт, Д., 2003; Характеристика нефропатий у новорожденных от матерей с патологией органов мочевой системы, Д., 2006; Протоколы лечения основных заболеваний детского возраста, Д., 2006; Стандартные схемы лечения основных заболеваний неонатального возраста, Д., 2007; Гестационный диабет, Д., 2008.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …