Главная / Гуногун / Ҳаминаш кифоя аст

Ҳаминаш кифоя аст

Савол: Бале, ҳаминаш кифоя аст.

Ҷавоб: Аз ин лиҳоз, ба сари мақсад омада мегўем, ки маҳз ба шарофати ҳамин кашшофони наҷиб, бо хости Худо, барои дарёфти ҳақиқат, ба олимони шарқшинос, муҳаққиқон, лингвистҳо, муаррихон ва муҳаққиқҳо роҳ боз гардид. Акнун онҳо ҳар қадар чуқуртар бозёфтҳои таърихиро меомўхтанд, ҳамон қадар ба таърихи тамаддуни ориён наздик мешуданд ва оғози таърихи ин тамаддунро дармеёфтанд.

Олимони Аврупои мутамаддин барои барқарор намудани бозёфтҳои таърихӣ, хондан ва муайян кардани забони онҳо, давраҳои таърихи онҳо, заҳмати тоқатфарсоро ба ўҳда гирифта, ба қавли тоҷикон, қилро аз хамир ҷудо кардаанд. Дар асоси ҳамин мадракҳо ва хондани хатҳои мехӣ, исбот намудаанд, ки ҳаракати Ориёни нахустин аз Осиёи Миёна ва аниқтараш аз Бохтар, оғоз ёфтааст.

Ҳатто кадом қабилаҳо бори аввал ба паҳн намудани назарияи Ориён руҷўъ намудаанд, кадом авлодҳо ба сўи Помиру Бадахшон сафар кардаанд, кадом қабилаҳо ба Ҳиндустон, кадоме аз он ҷо ба Эрони Ғарбӣ, кадоме ба Аврупо ҳаракат кардаанд ва кадом нажоди Ориён ба охирин нуқтаи Ғарб рафта, бад аз ориёнигардонии ин халқҳо, пас аз чандин даҳсолаҳо аз нав ба Осиёи Миёна – Суғд баргаштаанд, муайян кардаанд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …