Главная / Илм / АМИЛОИДОЗ

АМИЛОИДОЗ

amiloidozАМИЛОИДОЗ (Amyloidosis), бемориҳое, ки бинобар дар бофтаҳои гуногуни организм таҳшин шудани сафедаҳо – амилоидҳо рух менамоянд. А.-еро, ки ба бофтаҳои тамоми организм таъсир мерасонад, А.-и мунташир меноманд. Он метавонад ба ҳама узвҳои одам таъсири номатлуб расонад. А. бемории алоҳида аст, вале имкон дорад, ки дар натиҷаи бемориҳои дигар, мас., миеломаҳо, амрози сироятии музмин (сил, остеомиелит ва ғ.), бемориҳои илтиҳобии музмин (артрити тарбодшакл, спондилит ва ғ.) низ сар занад.
А. якумин, дуюмин, оилавӣ ва ғ. мешавад. А.-и якумин дар натиҷаи ногаҳон ба миқдори зиёд иммуноглобулин (ҳуҷайраҳои плазмавӣ) ҳосил кардани ҳуҷайраҳои мағзи устухон инкишоф меёбад. Он мумкин аст якҷоя бо саратони ҳуҷайраҳои плазмавии мағзи устухон падид ояд. А.-и дуюмин нисбатан бештар ба мушоҳида мерасад. Сабаби чунин шакли А. пӯсиш ё зардоб гирифтани бофтаҳо (мас., ҳангоми бронхоэктазҳо, сили шуш, устухон, остеомиелити музмин ва ғ.) аст. Дар мавриди А.-и дуюмин асосан гурдаҳо, сипурз, ҷигар, ғадуди болои гурда осеб меёбанд. А.-и оилавӣ бемории ирсӣ буда кам ба назар мерасад.
А.-еро, ки ба бофтаҳои тамоми организм таъсир мерасонад, А.-и мунташир меноманд. Он метавонад ба ҳама узвҳои одам таъсири номатлуб расонад. А. бемории алоҳида аст, вале имкон дорад, ки дар натиҷаи бемориҳои дигар, мас., миеломаҳо, амрози сироятии музмин (сил, остеомиелит ва ғ.), бемориҳои илтиҳобии музмин (артрити тарбодшакл, спондилит ва ғ.) низ сар занад.
А. якумин, дуюмин, оилавӣ ва ғ. мешавад. А.-и якумин дар натиҷаи ногаҳон ба миқдори зиёд иммуноглобулин (ҳуҷайраҳои плазмавӣ) ҳосил кардани ҳуҷайраҳои мағзи устухон инкишоф меёбад. Он мумкин аст якҷоя бо саратони ҳуҷайраҳои плазмавии мағзи устухон падид ояд. А.-и дуюмин нисбатан бештар ба мушоҳида мерасад. Сабаби чунин шакли А. пӯсиш ё зардоб гирифтани бофтаҳо (мас., ҳангоми бронхоэктазҳо, сили шуш, устухон, остеомиелити музмин ва ғ.) аст. Дар мавриди А.-и дуюмин асосан гурдаҳо, сипурз, ҷигар, ғадуди болои гурда осеб меёбанд. А.-и оилавӣ бемории ирсӣ буда кам ба назар мерасад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …