Главная / Илм / АМФЕТАМИН

АМФЕТАМИН

amfetaminАМФЕТАМИН, як навъ дору, ангезандаи системаи асабҳои марказӣ. А. аналоги гормонҳои адреналин ва норадреналин мебошад. Сулфати А. бо номи «Фенамин» маълум аст. А. соли 1887 чун давои суст кардани иштиҳо ҳосил карда шуда буд. Дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон ба аскарҳои америкоӣ ҳар рӯз 10 қурси А.-ро медоданд. С. 1954 дар Япония садҳо ҳазор наврасон А.-ро суиистеъмол мекарданд. Баъдтар эпидемияи нашъамандӣ аз А. инчунин Амрико ва Аврупоро низ фаро гирифт. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ истеҳсоли А. с-ҳои 40-ум оғоз ёфт; наврасони с-ҳои 60-ум онро ба вена тазриқ мекарданд. С-ҳои 70-ум истифодаи А. дар байни ҷавонон кам шуд ва ҷойи онро марихуана, героин, галлютсиногенҳо гирифтанд.
А. яке аз доруҳои асосии рӯҳгиро маҳсуб меёфт. Онро барои баланд бардоштани қобилияти корӣ, муолиҷаи нарколепсия, ғамбеморӣ, хастаҳолӣ, хоболудӣ, астения ва ғ. кор мефармуданд. Ҳоло А. бинобар боқӣ гузоштани таъсироти номатлуб (ихтилоли фаъолияти олии асаб, баланд шудани фишори хун, суст гаштани қобилияти корӣ ва ғ.), инчунин ба вуҷуд омадани хӯгирию нашъамандӣ нисбати он хеле кам истифода мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …