Главная / Гуногун / Амалиётҳои асосии Windows

Амалиётҳои асосии Windows

 Барои самаранок истифодабурдани системаи амалиётии Windows мо бояд якчанд амалиёти одии онро ба монанди,    1. Бурда расонидани тирчаи муш

  1. Аз ҷое ба ҷое кўчонидан ба воситаи пахш кардани тугмачаи рости мушак.

Аз ҳама амалиётҳои маъмул ва паҳншуда, ки бо мушак иҷро карда мешавад,  нишондод ва пахш намудани яке аз тугмачаҳои мушак мебошад.

 Агар дар Windows реҷаи зикр накардан «режим по умолчание» барқарор бошад, он гоҳ барои иҷро намудани ягон хел амалиёт лозим меояд, ки нишондоди мушакро ба нишонии лозимӣ бурда, тугмачаи чапи мушакро ду маротиба паи ҳам пахш кардан лозим аст. Масалан барои кушодани яке аз барномаҳо, ҳуҷҷатҳо ва ғайраҳо. Дар ҳолате, ки нишондоди мушак ба болои ягон нишона, ҳуҷҷат ва ғайраҳо гузошта шуда, он гоҳ тугмачаи рости мушак пахш карда шавад, дар ин ҳолат менюи контекстӣ пайдо мегардад, ки дар он фармонҳои ба ин қисм тааллуқдошта кушода мешавад.

Барои кашонидани (ҷойивазкунии) ягон объект дар экран тирчаи мушакро ба болои он гузошта, тугмачаи чапи мушакро пахш карда  онро ба дилхоҳ ҷойи экран бурдан лозим аст.

 Ин амалро барои гузаронидани файлҳо аз як папка ба папкаи дигар иҷро кардан мумкин аст. Дар ҳолати ягон файлро ба нишонии «Корзина» гузаронидан  амалиёти нобуд сохтани ин файл иҷро мегардад.

 Ҳар як барнома бо равзанаи алоҳида дар экран инъикос меёбад. Дар ҳолати даъват намудани якчанд барнома мизи корӣ аз ҳад зиёд пур (банд) мешавад. Барои он, ки ин кор иҷро нагардад курсор (тирчаи муш)-ро ба сатри сарлавҳа бурда, тугмачаи чапи онро пахш карда истода, онро ба дилхоҳ ҷои экран кашондан лозим аст. Дар ҳолати  дар ҷои лозимӣ сар додани тугмачаи мушак равзана дар он ҷо қарор мегирад.

Расми папкаи «Мои документы»

unnamedБа ғайр аз ин Шумо метавонед андозаи равзанаро аз тарафҳои чап, рост, боло ва поён таъғйир диҳед. Дар ҳолати гузоштани курсор дар кунҷи равзана баланди ва бари равзана якбора таъғйир дода мешавад.

Ба ғайр аз ин дар мизи корӣ тугмачаҳои 0 2 x инъикос шудаанд:

  • Тугмачаи _ «свернуть» гардонидан, чарх занондан, дар сатри ҳолатҳо ҷой додан;
  • Тугмачаи «свернуть окно» 2 хурд ё калон намудани ҳуҷҷати лозимӣ, барқароркунии равзана;
  • Тугмачаи «Закрыть» x пўшонидани равзана, аз мизи корӣ нест кардан;

Барои аз назар гузаронидани ҳуҷҷатҳое,ки ахбори зиёд доранд, аз элементҳои тасмаҳои даврагӣ ва чархак (ролик)-и мушак (агар он дар мушак мавҷуд бошад) истифода бурдан лозим аст.          Сатри меню аз лавҳи тугмачаҳо иборат мебошад, ки дар қисми болоии экран инъикос шудааст.

Дар ҳолати пахш намудани тугмачаи менюи дилхоҳ дар экран равзанаи махсусе бо нишондоди фармонҳои ба ин меню тааллуқдошта инъикос мегардад. Дар қисми рости баъзе аз ин фармонҳо тирчае мавҷуд аст, ки дорои зерменю будани  ин фармонро мефаҳмонад.

Баъд аз сатри менюҳо панели асбобҳо (форматиронӣ ва стандартӣ) инъикос шудааст, ки аз лавҳи тугмачаҳои махсус бо нишонии махсус иборат мебошад. Масалан дар панели стандартии барномаи Microsoft Word миқдори тугмачаҳо ба 26 то мерасад.

Расми панелҳои болоии барномаи Word

Дар ҳолати зарурӣ мо метавонем миқдори тугмачаҳоро тағйир диҳем.

Барои илова намудани тугмачаҳо чунин амалҳоро иҷро мекунем:

  1. Менюи «Вид»-ро кушода, лавҳи «Панель инструментов»-ро интихоб мекунем;
  2. Аз рўйхати «Панель инструментов» лавҳи «Настройка»-ро пахш мекунем;
  3. Дар ин ҳолат панели «Настройка» пайдо мешавад;
  4. Тугмачаи «Команды»-ро пахш мекунем;
  5. Баъди пахш намудани тугмачаи «Команды» аз он тугмачаи заруриро интихоб карда, тугмачаи чапи мушакро пахш карда истода, ба болои равзанаи барнома оварда сар медиҳем.

Дар ҳолати пахш намудани баъзе замимаҳои Windows равзанаи муколимавӣ барои дохил намудани қиматҳо ва амалҳои иловагӣ инъикос мегардад. Дар бисёр равзанаҳои муколимавӣ тугмачаҳои «ОК»,  «ОТМЕНА» ва «ПРИМЕНИТЬ» инъикос шудаанд, ки

Тугмачаи  ОК   –          барои қайдкунии маълумотҳо ва пўшонидани равзанаи   муколимавӣ;

Тугмачаи  Отмена  –   (бекор кардан) ­ барои пўшонидании равзанаи муколимавӣ бе нигоҳ доштани маълумотҳои дохилшуда;

Тугмачаи  Применить – (татбиқ кардан) ­ барои қайдкунии маълумотҳои нав дохилкардашуда бе пўшонидани равзанаи муколимавӣ истифода бурда мешаванд;

Истифодабарии менюи «ПУСК»

Ҳамаи барномаҳое, ки дар системаи амалиётии Windows ҷойгиранд, бо пахш намудани тугмачаи «ПУСК» иҷро мегарданд.

Тугмачаи «ПУСК» дар тарафи чапи кунҷи поёни монитор ҷойгир мебошад.

knopka-pusk

Дар ҳолати пахш намудани тугмачаи «ПУСК» (бо воситаи тирча ва тугмачаи чапи мушак ё бо пахши тугмачаи ÿ-Microsoft аз клавиатура дар экран менюи асосӣ пайдо мегардад.

Чӣ тавре ки дар расми меню мебинед, менюи «ПУСК» дар Windows XP аз ду сутуни нишонаҳо иборат аст. Дар сутуни чап ҳамон нишонаҳое, ки бисёртар истифода мешаванд ва дар сутуни рости он нишонаҳои утилитҳои асосӣ, папкаҳои ҳуҷҷатҳо ҷойгир шудаанд.

Барои даъват кардани барномаҳо ва папкаҳои зарурӣ аломати лозимиро пахш кардан лозим аст. Барои  азназар гузаронидани барномаҳои дигар тирчаеро,ки дар лавҳи «Программы» вуҷуд  дорад пахш кардан лозим аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …