Главная / Гуногун / АМЪАҚ – шуарои Мовароуннаҳр

АМЪАҚ – шуарои Мовароуннаҳр

Вай низ аз шуарои Мовароуннаҳр аст ва устоди шуарои вақти худ аст. Ва ин чанд байт, ки дар муфтатеҳи103 яке аз қасоид гуфта, бағоят бадеъу латиф воқеъ шудааст:

Н а з м
Агар мўре сухан гўяд в-агар мўе равон дорад,
Ман он мўри сухангўям, ман он мўям, ки ҷон дорад.
Танам чун сояи мўясту дил чун дидаи мўрон,
Зи ҳачри ғолиямўе, ки чун мўрон миён дорад.
Агар бо мўр ё мўе шабонрўзе шавам ҳамраҳ,
На мўр аз ман хабар ёбад, на мўй аз ман нишон дорад.
Ба чашми мўр даргунҷам, зи бас зорию бас сустӣ,
Агар хоҳад маро мўре ба чашм андар ниҳон дорад.
Ман он мўрам, ки аз зорӣ маро мўе бипўшонад,
Ман он мўям, ки аз сустӣ кам аз мўре тавон дорад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …