Главная / Гуногун / Ҳалли “Масъалаи Помир”

Ҳалли “Масъалаи Помир”

Кӯҳистони Помир ба ду қисмати асосӣ ҷудо мешуд, ки яке Помири Ғарбӣ ( мулкҳои тоҷикнишини Вахон, Ғорон, Шуғнон ва Рӯшон) ва дигаре Помири Шарқӣ (дар он ҷо қавмҳои кӯчманчии қирғизҳо сукунат доштанд) буд. Масъалаи охирини барои Русия ва Англия баҳснок ҳамин минтақаи Осиёи Марказӣ буд. Ҳангоми забти заминҳои туркманҳо Русия Помирро сарфи назар накарда, “аз худ” кардани онро танҳо ба вақти дигар мавқуф гузошта буд.

Дар “масъалаи Помир” Афғонистон ва Чин ҳам даъвогар буданд. Баъд аз ҷанги солҳои 1878-1880-и зидди Афғонистон Англия пуштибони ин давлат эълон гардид. Бо ҳамин сабаб сиёсати хориҷии Афғонистон ба манфиатҳои Англия мувофиқ кунонда мешуд. Бо тавсияи ҳукумати Британияи Кабир амири Афғонистон ба Помири Ғарбӣ лашкар кашида, соли 1883 Вахон, Ғорон, Шуғнон ва Рӯшонро ишғол намуд.

 123

Рақобати Русия, Афғонистон ва Англия барои Помир қариб даҳ сол – аз соли 1883 то соли 1893 идома ёфт. Соли 1891 Англия вилояти кӯҳистонии Комчутро, ки ба мулкҳои Хунта ва Наҳор тааллуқ дошт, ишғол менамояд. Аз чунин сурат гирифтани рафти воқеа Русия саросема шуда, дар Помир ба амалиёти фаъолона шурӯъ кард. Моҳи июни соли 1891 дастаи 120-нафараи казакҳо ва аскарони рус бо сардорни полковник М. Ионов ба Помир меравад. Генерал-губернатори Туркистон А. В. Бревский тавассути мулозимони худ ба мардуми маҳаллӣ ва даъвогарони Англияю Афғонистон расонд, ки Помир аз Русия аст. Сафари М. Ионов “масъалаи Помир”-ро рӯзмарра кард. Моҳи апрели соли 1892 арбобони давлатии Русия ба машварати махсуси ба ин масъала бахшидашуда ҷамъ омада, қарор қабул карданд, ки ба Помир аскар фиристода, ҳокимият ва соҳибияти Русияро дар ин минтақаи Осиёи Марказӣ мустаҳкам кунанд. Моҳи июни соли 1892 М. Ионов боз ба ҳамон роҳи ба ӯ шинос ва ин дафъа бо дастаи аскарони зиёдтар ба Помир раҳсипор шуд. Ба он ҷо расида вай дар соҳили дарёи Оқсу постгоҳи Помирро сохта, дар маҳаллаи Шоҷон 250 нафар аскарро барои зимистонгузаронӣ мустақар мекунонад.

Дере нагузашта “масъалаи Помир’’ ба маҷрои  корҳои дипломатии Русия ва Англия ворид мешавад ва оқибат англисҳо Помирро ба Русия вогузор мекунанд. Гап дар сари он аст, ки солҳои 1869- 1873 дар бораи минтақаи зери манофеи Русия будани Помир қарордодҳои русию англисӣ ба имзо расонида шуда буданд. Барои ҳалли ниҳоии ‘‘масъалаи Помир” соли 1893 котиби идораи мустамликавии Англия дар Ҳиндустон оид ба корҳои хориҷӣ Мортимер Дюранд бо ташрифи махсус ба Кобул меояд ва ба Абдураҳмонхон пешниҳод менамояд, ки ӯ аз даъвои Шуғнон, Ғорон, Вахон ва Рӯшон гузарад.

Мувофиқи Созишномаи нави соли 1893-и байни Англия, Русия ва Афғонистон қисми шарқии Вахону Ғорон ба Афғонистон гузашт, заминҳои дар тарафи чапи дарёи Аму воқеъбудаи Дарвози Бухоро низ ба Афғонистон дода шуданд. Афғонистон лашкари худро аз Вахон, Ғорон, Шуғнон ва Рӯшон ва Чин бошад, аз Помири Шарқӣ баровард. Созишномаи мазкур 27 феврали (11 март) соли 1894 ба расмият даромад. Баҳори соли 1895 сарҳадҳои байни Русияю Афғонистон аз тарафи комиссияи муштараки англисию русӣ қатъиян муайян карда шуданд. Ҳамин тариқ, Помири Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ ба ҳайати генерал- губернатории Туркистон дохил мегарданд.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …