Главная / Илм / АЛФИЙЯ ВА ШАЛФИЙЯ

АЛФИЙЯ ВА ШАЛФИЙЯ

asar«АЛФИЙЯ ВА ШАЛФИЙЯ», манзумаи ҳаким ва шоир Абӯбакр Зайниддин ибни Исмоили Азрақӣ (ваф. 1083). Ба забони тоҷикӣ ва барои ҳокими Нишопур – Туғоншоҳ (ҷияни Туғрали Салҷуқӣ), ки ба бемории заъфи боҳ гирифтор шуда, табибон дар илоҷи он оҷиз омада буданд, таълиф гаштааст. Аз мутолааи манзума қувваи боҳи ҳоким барқарор шудааст. Дар китоб қиссаи зане оварда мешавад, ки гӯё ҳазор мард ва ҳар кадом ба ҳар сурате бо ӯ ҷимоъ кардаанд. Тасвиру тавсифи ҳар як бо обу ранги бадеӣ ифода ёфтааст.
Ад.: Ҳоҷихалифа, «Кашфу-з-зунун ан асомии-л-кутуби ва-л-фунун», Лубнон, 2007.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …