Главная / Гуногун / Алфемо – толори мебел дар Душанбе

Алфемо – толори мебел дар Душанбе

Бренди туркии ALFEMO як истеҳсолкунандаи ҷаҳонии мебел барои хона мебошад, ки филиали худро дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон боз кардааст ва яке аз гаронтарин мағозаҳои мебели кишвар ба ҳисоб меравад.

Бинои алфемо Душанбе

ALFEMO дар канори кӯчаи Бухоро дар маркази ш. Душанбе дар паҳлӯи дафтари марказии Кумитаи гумрук ва Вазорати тандурустӣ ҷойгир аст. Он моҳи декабри соли 2017 дар  Тоҷикистон кушода шуд, гарчанде ки он аз соли 1973 дар ҷаҳон таърихи худро дорад.

alfemo-6000
Арзиши мебел 6000 доллар

Ин ширкати туркӣ дар зиёда аз даҳ кишвари дунё мағозаҳои фирмавии худро дорад ва танҳо мебели худро мефурӯшад, ки онро дар фабрикаи худ аз ашёи гаронбаҳои истеҳсоли кишварҳои Аврупо истеҳсол мекунад. Вақтҳои охир ҳама намудҳои мебелро дар майдони 77,000 метри мураббаъ бо технологияи автоматизатсияи пурраи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда мешаванд.

Масоҳати умумии мағозаи Алфемо дар ш Душанбе тақрибан 2000 метри мураббаъро ташкил медиҳад ва он дар ошёнаи дуюми 1 ва 2-юми бинои 20-ошёна, ки солҳои 2015-2017 сохта шудааст, ҷойгир аст.

Гарнитураи хоб тёна
Гарнитураи хоб – 7000 доллар

Дар мағоза одатан катҳо, диванҳо, мебели бачагона, раф, гӯшмонакҳо барои дастгоҳҳои электронӣ (телевизор ва ғайра) мавҷуданд. Шумо дар ин ҷо маҷмӯаҳои ошхона ва дигар лавозимоти ошхонаро пайдо карда наметавонед.

alfemo

Толори Алфемо дар зебоӣ ва арзиши баланд дар бозори Тоҷикистон ҳамто надорад. Он танҳо ба як мағозаи YUSK (Хонаи ман), ки дар он мебел хеле арзонтар аст, ба андозаи муайян баробар аст, аммо онҳо дар зебоӣ – тарроҳӣ ва сифат пасттаранд.

алфемо спалный гарнитура
Нарх 5000 доллар Гарнитураи спални барои арусу домод (туёна)

Кормандони ALFEMO бо мизоҷон хеле хушмуомила ҳастанд ва ҳатто нисбат ба кормандони салони мебели Embawood беҳтаранд!

Барои онҳое, ки мехоҳанд молро бо қарз бихаранд, онҳо метавонанд онро бо ёрии шарики худ – ТАҚХ “Алиф Сармоя” дастрас намоянд.

Қимматбаҳо
Рахти хоб барои кудакон Қимматбаҳо

Суроға ва тамос:

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, Кучаи Бухоро, 32.

Индекс: 734002
Сомона: www.alfemo.tj
Почтаи электронӣ: info@alfemo.tj
Телефон: (+992) 918-34-31-02

alfemo-1

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …