Главная / Илм / АЛДОЛАЗА

АЛДОЛАЗА

aldolazaАЛДОЛАЗА, як навъ фермент. Дар организм дар раванди гликолиз ширкат меварзад. Фаъолии А. дар хун дар мавриди ташхиси баъзе бемориҳо аҳамияти калон дорад. А. дар ҳама бофтаҳои организм мавҷуд аст. Он дар бофтаҳои омоси саратонӣ нисбат ба бофтаҳои солим фаъолияти бештар зоҳир мекунад. Ҳангоми баъзе бемориҳо (дистрофияи мушакҳо, иллати паренхимии ҷигар ва ғ.) фаъолияти А. дар хун афзуда, боиси вазнин гаштани раванди маризӣ мешавад. Ниг. низ Ферментҳо.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …