Главная / Илм / АЛБУМИНҲО

АЛБУМИНҲО

albuminhoАЛБУМИНҲО (аз лот. albumen – сафедии тухм), сафедаҳои табиӣ, ки дар бофтаҳои наботот ва ҳайвонот мавҷуданд. Дар об ва сулфити аммонийи 50-фоиза ҳал мешаванд; дар мавриди ҷӯшондани маҳлули обӣ сохтори А. тағйир меёбад. А. аз аминокислотаҳо иборатанд; онҳо мета- вонанд бо карбогидратҳо, липидҳо ва диг. сафедаҳо пайваст гарданд. Миқдори А. дар таркиби меваҳо бо мурури пухта расидани онҳо афзуда, баъд кам мешавад (ба шароити обу ҳаво ва агротехникаи парвариш вобаста аст). Мас., дар ғужми ангур 65% (35% глобулин) ва дар тухми он то 28% А. вуҷуд дорад. Сафедаи ҳалшавандаи шираи ангур аз ҷиҳати таркиб ба А. наздик аст. Дар бофтаҳои организми одам миқдори А. нисбатан кам аст (5 – 10 фисади ҳамаи сафедаҳоро ташкил медиҳад). А. дар тар- киби хун бештар буда, ба 55 – 60 фисади ҳаҷми умумии сафедаҳои он баробар аст. А.-и хун фақат дар ҷигар ҳосил шуда, сипас ба хун интиқол меёбад. Аҳамияти физиологии А. дар зардоби хун бағоят калон аст. Онҳо на фақат хосияти худи зардоб, балки бисёр равандҳои мубодиларо дар тамоми организм муқаррар месозанд. Дар мавриди бисёр бемориҳо, мас., бемориҳои сироятӣ, осеби ҷигару гурдаҳо, иллати силсилаи устухонҳо ва баъди ҷарроҳиҳои вазнин миқдори А. дар зардоби хун коҳиш меёбад. Ниг. низ Сафедаҳо, Глобулинҳо.
Ад.: Долгов В.В., Шевченко О.П., Ла- бораторная диагностика нарушений обмена белков, М., 1997; Биохимия, М., 2005.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …