Главная / Илм / АЛ-АШАР МАҚОЛОТ ФИ-Л-АЙН

АЛ-АШАР МАҚОЛОТ ФИ-Л-АЙН

chashm«АЛ-АШАР МАҚОЛОТ ФИ-Л-АЙН» (Даҳ мақола дар бораи чашм), асари Абӯзайд Ҳунайн ибни Исҳоқи Ибодӣ (808 – 873). Ба забони арабӣ таълиф шудааст. «А.» қадимтарин китоб дар бораи бемориҳои чашм ва роҳҳои муоличаи онҳо дар олами исломӣ мебошад. Дар Бағдод арзи ҳастӣ кардааст ва минбаъд табибони Шарқу Ғарб ба таври васеъ аз он истифода бурдаанд. Китобро бори ав- вал Макс Мейерҳоф бо таҳқиқу таълиқ ва
муқаддимаи муфассал с. 1928 дар Қоҳира чоп намудааст.
Ад.: «Абҳосу-н-надвати-л- оламияти-л-уло ли таърихи- л-улум инда-л-араб», ч. 1, Ҳалаб, 1977.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …